Нигина Амонқулова ва Мадина Ақназарова ситораҳоии дурахшони санъати тоҷик дар Австралия консерт баргузор карда истодаанд.
Дар ин бора Нигина Амонқулова ҳамарӯза дар саҳифаи инстаграми худ хабар медиҳад.
Консерти ин ду зебосанам аз 28 апрел оғоз гардида то 7 май идома меёбад. Нигина Амонқулова ва Мадина Ақназарова рӯзи 28 апрел дар Мелбурн, санаи 29 апрел дар Сидней ва 5 май дар Аделаида консерт доданд. Рӯзи 6май ин ду ҳунарманди тоҷик дар Брисбен ҳунарнамоӣ карданд.
Ёдрас мешавем, ки чанде қабл Нигина ва Мадина таронаи охирини худро бо номи “Шаб ба хайр” дар ютуб-каналӣ Қиём Интартаймент пешкаши мухлисони созу суруд гардонида буданд. Ин таронаро дар ютуб зиёда аз 155 ҳазор нафар тамошо карданд.