goodwell
Садои аср
27.04.2026
СИПЕҲР
57

Дар таърихи фарҳанги муосири Осиёи Марказӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки эҷодиёти онҳо ба як миллат маҳдуд намешавад, гарчанде онҳо ифтихори халқи хеш ҳастанд. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷаста Фаррух Зокиров - овозхон, оҳангсоз ва роҳбари бадеии ансамбли машҳури “Ялла” мебошад. Эҷодиёти ӯ на танҳо саҳнаи мусиқии Ӯзбекистонро рангоранг сохтааст, балки ба фазои фарҳангии тамоми минтақа таъсири амиқ гузоштааст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон Фаррух Зокировро дӯст медоранд ва ҳукумати кишвар нақши ӯро дар фарҳанги минтақа ва таҳкими дӯстии халқҳо ба назар гирифта, бо унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.

Сулолаи ҳунармандон

Фаррух Зокиров 16 апрели соли 1946 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Ин шаҳр, ки яке аз марказҳои муҳими фарҳангии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, барои рушду ташаккули истеъдоди ӯ нақши муҳиме дорад.

Аммо омили асосии шаклгирии шахсияти ӯ, пеш аз ҳама, муҳити хонаводааш ба шумор меравад. Падараш Карим Закиров - сарояндаи маъруфи опера ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва модараш Шоиста Саидова - сарояндаи мусиқии халқӣ ва яке аз аввалин иҷрокунандагони нақши Лайлӣ дар операи машҳури «Лайлӣ ва Маҷнун» буд.

Ин муҳити пур аз мусиқӣ, суруд ва ҳунар, ки дар он ҳунармандони машҳур пайваста ҷамъ меомаданд, барои Фаррух мактаби зиндаи эҷодӣ гардид. Ӯ аз хурдӣ бо оҳанг, саҳна ва фарҳанги касбӣ ошно шуд.

Оилаи Зокировҳо як сулолаи воқеии ҳунар буд. Бародари калониаш Ботир Закиров яке аз поягузорони эстрадаи муосири узбек ба ҳисоб меравад. Дар репертуари Ботир Зокиров суруду мусиқии тоҷикӣ нақши меҳварӣ доштанд. Ҳамчунин, хоҳараш Луиза ва бародаронаш Науфал, Ҷамшед ва Равшан низ ба санъат пайвастанд. Дар чунин муҳит Фаррух парвариш ёфтааст.

Қадамҳои нахустин

Роҳи ҳунарии Фаррух Зокиров аз давраи донишҷӯӣ оғоз меёбад. Ӯ дар Консерваторияи давлатии Тошканд таҳсил намуда, ихтисоси дирижёри хорро интихоб кард. Ин таҳсилоти академӣ ба ӯ заминаи устувори касбӣ бахшид ва имкон дод, ки мусиқиро на танҳо ҳамчун ҳунар, балки ҳамчун илм дарк намояд.

Соли 1969 ӯ ҳамроҳ бо бародараш Равшан ба як ансамбли донишҷӯён ҳамроҳ шуд, ки баъдтар бо номи «Ялла» машҳур гардид. Дар аввал ин гурӯҳ як ансамбли ҳаваскорона буд, вале бо гузашти вақт ба яке аз маъруфтарин гурӯҳҳои мусиқии минтақа ва Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт.

Сурудҳои нахустини ӯ бо омезиши мусиқии миллӣ ва услубҳои муосир фарқ мекарданд. Ин навоварӣ ба зудӣ диққати шунавандагонро ҷалб кард ва заминаи муваффақияти минбаъдаи ӯро гузошт.

Шуҳрат

Соли 1976 нуқтаи гардиши фаъолияти Фаррух Зокиров гардид, зеро ӯ роҳбари бадеии ансамбли «Ялла» таъйин шуд. Маҳз дар ҳамин давра ансамбл ба авҷи шуҳрат расид.

Сурудҳое, ки дар ин давра эҷод ва иҷро шуданд, ба рамзи як давра табдил ёфтанд. Аз қабили «Учқудуқ», «Чайхона», «Голубые купола Самарканда», «Родина» ва ғайра.

Хусусан «Учқудуқ» ба як бренди фарҳангӣ табдил ёфт ва то имрӯз ҳам яке аз шинохтатарин таронаҳои эстрадаи Шӯравӣ ва пасошӯравӣ маҳсуб мешавад.

Фаррух Зокиров на танҳо сароянда, балки оҳангсози боистеъдод низ ҳаст. Ӯ тавонист мусиқии анъанавии шарқиро бо унсурҳои рок, поп ва ҷаз омезиш диҳад ва як услуби хоси «Ялла»-ро ба вуҷуд оварад.

Ансамбл дар кишварҳои гуногун - аз Русия то ИМА - баромад карда, фарҳанги ӯзбекро муаррифӣ намуд. Ин фаъолият Фаррух Зокировро ба як чеҳраи байналмилалӣ табдил дод.

Падидаи фарҳангӣ

Фаррух Зокиров на танҳо як сароянда, балки як падидаи фарҳангист. Ӯ тавонист мусиқии миллиро ба сатҳи байналмилалӣ барорад ва онро барои шунавандаи ҷаҳонӣ ҷолиб гардонад.

Ӯ дар рушди эстрадаи муосири Ӯзбекистон нақши калидӣ бозидааст. Услуби ӯ, ки анъана ва навовариро ба ҳам мепайвандад, ба як намуна барои бисёр ҳунармандони ҷавон табдил ёфтааст.

Ҳамчунин, фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгор ва роҳнамо барои насли ҷавон хеле муҳим аст. Ӯ дар барномаҳои мусиқӣ иштирок намуда, истеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ мекунад.

Тоҷикистонро дӯст медорам!

Муносибати Фаррух Зокиров бо Тоҷикистон хеле самимӣ аст. Ӯ борҳо ба Душанбе сафар карда, дар консертҳои муштарак иштирок намудааст. Ӯ Тоҷикистонро кишвари дӯст ва наздик мешуморад. Дар мусоҳибаҳои худ борҳо таъкид кардааст, ки Тоҷикистонро дӯст медорад.

Ҳамчунин, Фаррух Зокиров бо ҳунармандони Тоҷикистон, аз ҷумла бо Мағфират Ҳамроқулова ва Ҷӯрабек Муродов робитаи дӯстӣ дорад. Дар мусоҳибаҳояш Ҳамроқуловаро “хоҳар” ва Ҷӯрабек Муродовро “устураи ҳунар” ва “устоди бузург” гуфтааст.

Устод Ҷӯрабек Мурдов ҳам, Фаррух Зокировро ба муносибати 80-солагии мавлудаш табрик гуфт. Дар табрикномаи устоди ҳунари тоҷик омадааст:

Муҳтарам Фаррух Зокиров!

Самимитарин табрикоти моро ба муносибати ҷашни фархундаи 80-солагиатон қабул фармоед!

Номи Шумо абадан дар таърихи санъати мусиқӣ сабт шудааст. Шумо ба рамзи як давраи том табдил ёфтаед ва истеъдоди нодир, овози такрорнашаванда ва нерӯи эҷодии Шумо тӯли даҳсолаҳо миллионҳо нафарро илҳом мебахшад. Саҳми Шумо дар рушди фарҳанг бебаҳо буда, мусиқии Шумо ҳамоно наслҳоро ба ҳам меорад.

Аз самими дил ба Шумо сиҳатии комил, умри дароз, илҳоми поянда ва шодии рӯзгор орзумандам. Бигзор ҳар рӯзи нав ба Шумо гармӣ, эҳтиром ва муҳаббати наздиконро эҳдо намояд ва ситораи эҷодии Шумо боз ҳам солҳои зиёд дурахшон бимонад ва мухлисонро шод гардонад!

Бо эҳтироми амиқ ва орзуҳои беҳтарин,

Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов.

Эътироф

Меҳнати чандинсолаи Фаррух Зокиров бо унвону ҷоизаҳои баланд қадр шудааст. Ӯ Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон аст ва аз кишварҳои дигар унвону ҷоизаҳо аст. Ҳамчунин, ӯ соҳиби орденҳо ва ҷоизаҳои бонуфуз, аз ҷумла: «Дӯстлик», «Эл-юрт ҳурмати», «Ситораҳои Иттиҳод» ва ғайра мебошад. Ин ҳама далели эътирофи саҳми бузурги ӯ дар рушди фарҳанг ва таҳкими дӯстии халқҳост.

Соли 2000 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд, ки нишонаи муҳаббати мардуми тоҷик ба ҳунари ӯст.

Таҷлили бесобиқа

Таҷлили 80-солагии Фаррух Зокиров ба як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ табдил ёфт. Дар ин маросим, ки 16 апрел, баргузор шуд, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шахсан иштирок намуда, ба соҳибҷашн Ордени олии «Буюк хизматлари учун»-ро супорид. Ин қадршиносӣ нишонаи эътирофи саҳми бузурги ӯ дар рушди фарҳанги миллӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар маросими қадршиносии Фаррух Зокиров аҳли ҳунари Ӯзбекистон ҳузур доштанд ва дар бораи саҳфи Фаррух Зокиров дар рушди санъати Ӯзбекистон суҳбат карданд.

Ҳамчунин, бо қарори Президенти Ӯзбекистон дар ин рӯз Ансамбли кӯдаконаи «Ялла» таъсис дода шуд. Фармони бесобиқаи Шавкат Мирзиёев дар ин рӯз Ба номи Фаррух Зокиров гузоштани мактаби мусиқӣ дар шаҳри Тошканд гардид. Ин бори аввал аст, ки дар кишвар муассисае ба номи шахси зинда гузошта мешавад.

Ҳамаи ин гуфтаҳо далели он ҳастанд, ки Фаррух Зокиров шахсиятест, ки фаъолияташ аз як сароянда фаротар рафта, ба рамзи фарҳанг, мактаби ҳунарӣ ва садои давр табдил ёфтааст. Ӯ на танҳо суруд хондааст, балки миёни миллатҳо пули дӯстӣ бунёд кардааст.

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД