arzon replenishment
Садир Жапаров чи тавр ба мақоми президентӣ расид?
622
no-img


“Пештар дар интихоботи президентӣ рақиби Жапаров Қанибек Иманалиев гуфта буд, ки Содир Жапаров дорандаи диплом дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ аст, аммо мувофиқи тарҷумаи ҳоли расмиаш Жапаров соли 2006 Донишгоҳи славянии Қирғиз-рус-ро хатм намудааст”-менависад рӯзноманигор Фаррухҷон Муродқулов.

Ба гуфти ӯ президенти кунунии Қирғизистон фаъолияти меҳнатиашро дар "колхоз" оғоз карда, солҳои 2002-2005 ҳамчун директори "Нурнефтегаз" фаъолият менамудааст. Соли 2005 Садир Жапаров депутати "Жогорку Кенеш" интихоб шуд.

Аз интихоботи парламентӣ муддати зиёде нагузашта намоишҳои эътирозӣ оғоз ёфтанд ва норозигиҳои оммавӣ ба "Инқилоби Лола" табдил ёфтанд. Пасон лидери "Қирғизистон Халқ ҳаракатӣ" Курманбек Бакиев президенти мамлакат интихоб шуд.

Садир Жапаров тарафдори ҳамин ҳаракат буд ва соли 2009 маслиҳатчии Курманбек Бакиев шуд, вале моҳи сентябри соли 2012 прократураи Қирғизистон алайҳи Жапаров парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд. Ӯ ба хусусигардонии бино дар Бишкек гумонбар дониста шуда буд, вале парламент барои ба зиндон кашидани Садир Жапаров роҳ надод.

Сеюми октябри ҳамин сол бо роҳбарии депутатҳои ҳизби "Ата Журт" Қамчибек Ташиев, Садир Жапаров ва Талант Мамитов дар назди бинои "Оқ ӯй" тазоҳурот баргузор шуд. Жапаров шахсан дар тазаҳҳурот ширкат надошт, вале бо ҷурми ташкили тазоҳурот айбдор дониста шуд ва 9-уми марти соли 2013 суд Садир Жапаров ва Қамчибек Ташиевро бо моддаи 295- и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон "Бо зӯри гирифтани ҳокимият ё нигоҳ доштани ҳокимият бо зӯр" айбдор дониста ба мӯҳлати як солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум сохт.

Комиссияи марказии иҷроия қарори судро иҷро намуда, Садир Жапаровро аз мандати депутати маҳрум сохт, вале аз байн муддати зиёде нагузашта, суд Жапаров ва ҳаммаслаконашро сафед карда, аз толори суд озод намуд.

Дар Қирғизистон тобистони соли 2013 алайҳи истисмори яке аз бузургтарин конҳои истихроҷи тилло дар Осиёи Марказӣ "Қумтор" тазоҳурот баргузор шуда, Содир Жапаров аз созмондиҳандагони он намоиш ном бурда шуд, аммо худи ӯ изҳор дошт, ки ба ин кор рабте надорад.

Гап дар сари он аст, ки Содир Жапаров аз соли 2012 ҷонибдори милликунонии кони тиллои “Қумтор”-и воқеъ дар вилояти Иссиқкӯл, зодгоҳаш буда, ширкати идораи ин конро ба нақзи муҳити зист ва фасод муттаҳам мекард.

Моҳи октябри соли 2013 як тазоҳуроти дигар дар шаҳри Қаракӯл баргузор шуд ва ин амалҳо низ ба "Қумтор" бастагӣ доштанд. Тазоҳургарон Эмилбек Каптагаевро гаравгон гирифта, таҳдид карданд, ки ӯро месӯзонанд.

Митингро пароканда карданд, вале Содир Жапаров боз ба ташкили намоиш айбдор дониста шуд. Собиқ вакили мардумӣ ин ҳамаро рад карда, мегуфт, ки ин иттиҳомот нисбаташ бофтаю сохта аст. Пас аз ин аз тарси таъқиб ӯ кишварро тарк карда, аввал дар Қазоқистони ҳамсоя, баъд дар Русия, Туркия ва Кипр зиндагӣ мекард, аммо...

Эмилбек Каптагаев дар мурофиаҳои додгоҳӣ мегӯяд, ки Содир Жапаровро созмондиҳандаи гирдиҳамоӣ дар Қарокол намедонад, балки худро ҷабрдида медонад ва Содир Жапаров ба Қирғизистон баргашт, вале рӯзи омаданаш аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дасгир шуд.Додгоҳ Жапаровро бар асоси моддаи "гаравгон гирифтан"-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон ба 11,5 соли зиндон маҳкум кард.

“ 5-октябри соли 2020 Содир Жапаровро ҷонибдоронаш дар пасманзари ошӯби зидди интихоботи парлумонӣ аз маҳбас раҳо карданд ва пас аз як рӯз-6 октябр ӯ ба курсии сарвазирӣ нишаст.

Ҳамин тавр маҳбуси дирӯза соҳибмақом гашт ва дар як муддати кӯтоҳ ба маснади балантарин раисда, 15-октябри соли 2020 пас аз истеъфои раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бар асоси моддаи 68-и Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур таъин гашта, аз 11- январ барои 6 соли оянда раисҷумҳури Қирғизистон интихоб шуд”-менависад манбаъ.

Аз банди охири мақола хулоса баровардан мумкин аст, ки президенти кунунии Қирғизистон тасодуфан соҳиби қудрат гаштааст ва барои он ки тақдири президентҳои пешин ба сараш наафтад, афкори мардуми оддиро ба моҷароҳои марзӣ равона мекунад. Чунин принсип имконият медиҳад, ки чанд вақти дигар сари мансаб қарор гирад.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД