arzon replenishment
Садбарг Раҷабова: Бо 4 фарзанди зиндаятимам дар кӯча мондам!
2846

Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ!
Агар дар ёд дошта бошед, чанде пеш мо аз рӯзгори сангини Садбарг Раҷабова ном зани тоҷик, ки бо аробакашӣ рӯзи чаҳор фарзанди зиндаятимашро мегузаронад, навори видеоие омода намуда будем.

Садбарг аслан омӯзгор аст, вале мушту лагади шавҳар ва зиндагии пуразоб ӯро ба гирдоби бемориҳо гирифтор намуда, маҷбур кардааст, ки аробакаш шавад. Новобаста ба вазъи ҳаво, дар зери барфу борон ӯ ҳар рӯз то соатҳои 11-12-и шаб партовгоҳ ба партовгоҳ гашта, зарфҳои пластикию селофан ҷамъ мекунад ва кӯҳнаколоҳои ҷамъ кардаашро фурӯхта барои кӯдаконаш як пора нон меёбад. Садбарг бо чашмони гирён имрӯз боз дари сомонаи Оила. ТЧ-ро кӯфт.
Садбарг дар як бинои вайронаву хароб, ки аз хона дида, бештар ба анбори кӯҳна монандӣ дошта, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, иҷора мешинад, вале ба гуфти худаш, мӯҳлаташ ба охир расидааст ва бояд он биноро тарк намояд.
“Се рӯз шуд, ки дар зери борон шип-шилта тар шуда, иҷора мекобам, вале бо 4 фарзанд касе маро қабул намекунад. Соҳибхонаҳо худам ва бачаҳоямро қабул кунанд ҳам, аробаамро қабул кардан намехоҳанд. Ман ризқу рӯзии 4 кӯдаки зиндаятимамро аз пушти ҳамин ароба меёбам, агар аз баҳри он гузарам, бачаҳоям чӣ мехӯранд?!”-мегӯяд Садбарг ва зор-зор гиря мекунад.
Ҷавонзан бо чашмони ашкбор қисса кард, ки аз чунин зиндагии душвор ва пуразоб ҷонаш ба лабаш расида, аз ночорӣ хостааст бачаҳояшро ба хонаи кӯдакон супорад, вале писари калониашки 8-сола буда, дар синфи дуюм мехонад, аз ин азми модар бохабар шуда, худашро ба дарёи Душанбе партофтанӣ шудааст.

“Ягона дороии ман дар дунё ҳамин 4 фарзандам ҳастанд ва ва онҳоро аз ҷонам бештар дӯст медорам. Чанд бор баъзе одамон ҳоламро дида, пешниҳод карданд, ки ягон кӯдакамро ба онҳо диҳам, лекин дилам нашуд, аммо рӯзҳои охир аҳволам бениҳоят вазнин шудааст. Боми иҷорахонаам мечакад. Дар селборони се-чор рӯзи охир хона пур аз об шуд ва кӯдакони бечораам мисли мушбачаҳо дар даруни об монданд. Дилу ҷигарам бо дидани ҳоли зори фарзандонам хун шуд ва қарор додам, ки онҳоро бурда ба интернат месупорам. Зор-зор гиря карда бачаҳоямро кашолакунон аз хона баровардам, вале ҳаққу ҳамсояҳо ин манзараро дида, маро боздоштанду насиҳаткунон гуфтанд, ки хоҳар, ҳаргиз ин корро накун, ки баъд пушаймон мешавӣ. Худо хоҳад, бачаҳоят калон шуда, дар дами пирӣ дастгиру мададгорат мешаванд. Ҳамин хел дубора кӯдаконамро хона даровардам ва гириста-гириста хобам бурда мондааст. Писари калониам “Падарам моро партофт, модарам ҳам аз мо безор шудаасту моро ба интернат доданист” гӯён, аз хона баромада рафтааст. Мехостааст, ки худашро аз болои мости (пули) Султони Кабир ба дарё партояд, вале хайрият, ки як марди хайрхоҳ ӯро дида, насиҳаткунон дубора ба хона овард. Аввал он мард маро хеле маломат кард, ки ту чи хел модарӣ, ки аз кӯдакат бехабар мемонӣ, вале ҳоли зорамро дида, дилаш ба ҳоли ману фарзандонам сӯхт”- қисса мекунад Садбарг Раҷабова.
Вазъи зиндагии ин зани тоҷик ва бачаҳояш бениҳоят вазнин буда, хавфи бо 4 кӯдаки хурдсол дар кӯча мондан ба Садбарг Раҷабова таҳдид мекунад. Гирифтани дасти чунин афтодагон кори савоб аст. Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. ТЧ ба тақдири ин зан ва кӯдаконаш бетараф намонда, ба қадри имкон ба Садбарг дасти мадад дароз менамоянд. Агар шахси худоҷӯе пайдо шуда, барои ризои Аллоҳ кӯдакони зиндаятими Садбаргро бо манзил таъмин намояд, савоби ҳаҷ насибаш мегардад.
Афроде, ки ба Садбарг Раҷабова дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд ё омодаанд, ки ӯро бо фарзандонаш муввақатан дар манзили худ роҳ диҳанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 985-95-95-87

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД