Садои қалб ва оҳи сӯзони ҷигарам номеро ба лабам меорад, ки аз он нафрат дорам. Аламам рӯ фиғон мекашам «Эй Фаррух! Фаррухи бевафо, дурӯяву разил, чаро дилам пеши по кардӣ?!»
Дар ду соли шиносоиямон Фаррух аз дӯстдорӣ зиёд ҳарф мезаду маро арӯси ояндаи худ тасаввур мекард.
Сад афсӯси орзуҳои наҷибам! Афсӯс, ки найранги туро надонистам. Агар медонистам шояд барвақт аз вар-
таи ғам берун мешудам. Ба соҳили дарёи хурӯшони ишқ бурдиву лабташна ба мавҷи тези фироқ тела
додӣ. Ғарқи дарёи дард шудам. Мегӯям тӯи номардро дигар набинаму насӯзам, вале дили одаткатдаам боз бароят метапад. Бароят оби чашм мерезам то ҳол ай бехудо!
Худро сӯзондам, аз шиддати дарди ишқ рагҳои дастамро буридам, вале акнун донистам, ки ҳамааш
бефоида будааст. Туро садқаи ҳусну ҷамоли ман кунад, Фарух! Иллоҳо ба ҷазои ҳақ гирифтор шавӣ!
Оташи ишқи ту бевафоро то баҳол хомӯш карда наметавонам. Маро ту куштӣ бо номардиат бевафо!
Дилам андар қафас фарёд дорад,
Зи дарде ҳар нафас имдод дорад.
Маро з-ин пас бадном кардӣ Фаррух,
Дил аз ин хору хас фарёд дорад.
Фарзона, 9 км