Сабти “Дурахши ахтарон” ба рӯзи 84-уми наворбардорӣ расидааст
24.10.2025
Oila.tj
109

Файзулло Файзов, коргардони филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон - «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» хабар додааст, ки сабти филм ба рӯзи 84-уми наворбардорӣ расидааст.

Пас аз анҷоми марҳилаи аввал дар Тоҷикистон, айни ҳол наворбардорӣ дар Бухоро ва дигар мавзеъҳои таърихии Ӯзбекистон идома дорад.

Ба гуфтаи коргардон, филм на барои фароғат, балки барои нишон додани эҳсос, ҳақиқат ва арзишҳои инсонӣ офарида мешавад.

Наворбардории филм рӯзи 1-уми августи соли 2025 дар «Тоҷикфилм» оғоз ёфта, 40 ҳунарманди Ӯзбекистон дар он ширкат доштанд. Сабт дар павилионҳои МД "Тоҷикфилм", маконҳои таърихии Ҳисор, Хуҷанд ва дигар ёдгориҳо низ сурат гирифтааст.

Барои таҳияи филм дар Тоҷикистон 1500 китоб, 1650 ашёи таърихӣ ва садҳо либоси миллӣ омода шудааст.

Ин филм бо ташаббуси президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли 2021 оғоз ёфта, нахустнамоиши он барои Наврӯзи соли 2026 пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД