new banner new years
Сабабҳои пайдоиши алергия аз косметика
11.07.2022
НОДИРА
1105

 

Аллергия аз малҳамҳои косметикӣ баъзан дарҳол пайдо мешаваду гоҳи дигар баъди як моҳ аз худ дарак медиҳад. Чаро баъди молидани малҳам дар пӯсти рӯй доначаҳои сурхак пайдо мешаванд?

Аввалан, навиштаҷоти тамғакоғази малҳами харидаатонро нағзакак мутолиа намоед. Дар таркиби косметика ретинол-витамини сунъии А мавҷуд бошад, аз имкон дур нест, ки маҳз ҳамин ҷузъиёт сабаби аллергияи пӯсти шумо гаштааст.

Ретинолро солҳои наздик ба таркиби малҳамҳо илова мекардагӣ шуданд. Он дар ҳақиқат чинҳои рӯйро ҳамвор месозад, вале аксаран боиси сар задани аллергия мегардад. Солҳои қаблӣ ин витаминро барои беҳтар сохтани нури чашм истифода мебурданд, баъдан онро барои табобати бемориҳои пӯсти рӯй ба кор бурда, хусусияти аҷиби ретинолро муайян намуданд, он на танҳо нараки пӯст, балки ожангҳоро низ рафъ месозад.

Баъди он ки самаранокии ин витаминро олимони ҷаҳонӣ исбот намуданд, онро қариб ба тамоми малҳамҳои зидди пиршавӣ илова мекардагӣ шуданд. Баъдтар маълум гардид, ки ин витамин на ба ҳамаи намудҳои пӯст «писанд» аст. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки зарари он танҳо баъди дар организм ҷамъ шуданаш аён гардидааст. Ба мубодилаи моддаҳо омехта гардида, витамини А боиси аллергия мегардад.

Аҷибаш он аст, ки натанҳо нафарони пӯсташон ҳассос, балки одамони пӯсти мӯътадил дошта низ дар сурати баъди молидани малҳам зери нурҳои офтоб қарор гирифтан гирифтори аллергия мешаванд. Гумон накунед, ки чунин хатар танҳо тобистон думболагиратон мешавад, рӯзи офтобии зимистону баҳор низ баъди молидани ин малҳам азият хоҳед кашид. Сабаби зери таъсири нурҳои офтоб хатарнок шудани витамин номаълум аст. Малҳами молидаатон боиси аллергия гашта бошад, беҳтараш аз он даст кашед.

 Қоидаи бехатарӣ

1.Бори аввал аз малҳами дорои ретинол истифода мебурда бошед, аввал тест гузаронед. Каме аз ин малҳамро ба пушти гӯшатон молида чанд рӯз ин мавзеи пӯстро зери назорат гиред. Пӯст сурх шуда, хориш пайдо кунад, донед, ки косметикаи дорои ретинол ба пӯсти шумо мувофиқ нест. Малҳам боиси аллергия нагардад, метавонед онро ба пӯстатон молед ва дар давоми чанд ҳафта ҳолати пӯстатонро зери назорат гиред. Фаромӯш насозед: агар бепарвоӣ кардан гиред, дар сурати дурудароз истифода бурдани малҳами аллергияовар ҳатто пӯсти мӯътадил ба ҳасос мубаддал мегардад.

 2.Беҳтараш малҳами дорои ретинолро шабона ба рӯятон молед.

 3.Агар ҳаво офтобӣ бошад, ҳушёриро аз даст надиҳед. Дар мағозаҳо малҳами дорои витамини А-ро ҷӯё шавед, ки маҳз барои рӯзона тавсия шудаанд. Дар ин намуди малҳам миқдори ретинол камтар аст. Роҳи дигари аз аллергия халосӣ ёфтан, баъди молидани малҳами зидди пиршавӣ истифода намудани малҳами зидди офтобӣ аст.

 4.Зани аз 40-сола ҷавон набояд аз ин малҳам истифода бубарад. Аз чунин малҳами сахттаъсир пеш аз мӯҳлат истифода баред, пӯстатон ба зудӣ пир мешавад.

 5.Ҳангоми истифодаи ин намуди малҳамҳо танаффус кунед. Ду моҳ аз малҳами дорои ретинол истифода бареду се моҳ истифода набаред.

 6.Малҳами дорои витамини А дар пӯсти шумо аллергияро ба вуҷуд биёрад, дарҳол аз он даст кашида ин витаминро истеъмол намоед. Сарчашмаи табии он ҷигари гов, харбуза, сабзӣ, каду, зардолу, шир аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД