toyota motors
Сабаби куштори ду зан ва як кӯдаки бегуноҳ дар Кӯлоб маълум шуд
273

Валӣ Сафаралӣ, шавҳари Зуҳро Қурбоноваи 28-сола, ки шаби 1 ба 2-юми апрел дар шаҳри Кӯлоб дар манзили истиқоматиашон ҳамроҳи хоҳараш Таҳмина Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаашон Абубакри шашсола бераҳмона ба қатл расонида шуданд, дар куштори 3 нафар гумонбар дониста шуда, аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Кӯлоб алайҳаш бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Тавре расонаҳо дар такя ба манобеи худ дар додситонии шаҳр навиштаанд, гумонбар Валӣ Сафаралии 32-сола сокини деҳаи Назарбойи ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буда, дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши орд боркашонӣ мекардааст. Байни ӯ ва ҳамсараш Зуҳро Қурбонова тез-тез баҳсу мунозира сар зада, оила дар ҳоли вайроншавӣ қарор дотштааст. Моҳи декабри соли 2025 байни зану шавҳар боз ҷанҷол сар задааст ва Зуҳро қаҳр карда бо ду фарзандаш ба хонаи волидонаш рафтааст. Мард аз ин рафтори ҳамсараш ба ғазаб омада, нақшаи содир кардани кушторро тарҳрезӣ намудааст. Рӯзи 1-уми апрел вай ба шаҳри Кӯлоб рафта, аз маркази шаҳр корд харида, шабона ба хонаи волидони ҳамсараш рафтааст.

“Соати 2-и шаби 2-юми апрел пинҳонӣ ба ҳавлӣ ворид шуда, бо корд 5 маротиба ба қафаси сина ва шиками хоҳари ҳамсараш Таҳминаи Шоҳмаҳмад, ки ҳомила буда, барои ба дунё овардани тифл дар хонаи падару модараш қарор дошт, задааст. Дар як вақт, ӯ ба қафаси синаи ҳоҳарзодаи ҳамсараш Абубакр Қурбонови 6-сола, ки дар паҳлуи Таҳмина хоб буд, 2 бор корд задааст. Аз садои имдодхоҳии онҳо Зуҳро Қурбонова, ки дар ҳуҷраи дигар бо ду фарзандаш хоб буд, омадааст, ки гумонбар ба қафаси сина ва дигар аъзои бадани марҳум 4 бор корд задааст”,- навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Валӣ Сафаралӣ ба ду фарзанди худаш, ки дар он ҳуҷра хоб будаанд, осеб нарасонидааст, вале маълум нест, ки чаро ин мард танҳо ҳамсарашро нею хоҳарарӯсаш Таҳминаи Шоҳмаҳмад ва кӯдаки бегуноҳ Абубакри 6-соларо низ ба қатл расонидааст.

Хоҳарон Зуҳро ва Таҳмина дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, Абубакри хурдсол бошад, дар Беморхонаи вилоятии клиникии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб аз дунё гузаштааст. Қаблан гуфта мешуд, ки Абубакр писари Таҳмина аст, вале аз прокуратураи шаҳр гуфтаанд, ки дар асл кӯдаки кушташуда Абубакр Қурбонов, писари Фотима Қурбонова, хоҳари дигарии занони кушташуда мебошад, ки дар замони ҳодиса дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД