Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бод шиддат мегирад.
Хатари зарар дидан аз раъду барқ (чароғак) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг мавҷуд аст. Эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои ҷоришаванда аз қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара зиёд аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Борони пуршиддат метавонад боиси афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо бигардад. Бахусус, дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳавои тираву боронӣ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ месозад. Аз ҳамаи ронандагони сафари дур дошта, хоҳиш карда мешавад, дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.
Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад.
Сокинон бояд сари вақт ҷӯйбору каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, то хатари харобӣ аз сел вуҷуд надошта бошад. Кумита инчунин ҳушдор додааст, ки ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани хатҳои интиқоли барқ шавад. Боди шадид метавонад ба бомҳои хонаҳои истиқоматӣ зарар расонад.