Commerce bank may-june 2026
Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Шаҳритус дар шаҳри Душанбе
08.06.2026
Oila.tj
95

Дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳи Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид.

Дар ҳамоиш меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Шаҳритус аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.

Ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идона ва хотирмонро фароҳам оварданд. Ин ҷамъомад бозгӯи фарҳанги ғанӣ, анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои назарраси ноҳияи Шаҳритус буда, саҳми сокинони ноҳияро дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол муаррифӣ намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД