Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт расонидааст, ки рӯзҳои 8-9-уми март бо сабаби корҳои таъмирӣ дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз соати 8-и субҳ то соати 17:00-и шом барқ хомӯш карда мешавад.
Тавре расонаҳо дар такя ба Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе навиштаанд, давоми ду рӯз, санаҳои 8 ва 9-уми март аз соати 8:00 то 17:00 бинобар сабаби корҳои таъмирӣ барқ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои И. Сомонӣ, Л. Шералӣ, М. Турсунзода, Ф. Ниёзӣ, Некрасов, Бохтар, Ойгул, М. Холов ва Пушкин хомӯш карда мешавад.
Вобаста ба рафти корҳои таъмирӣ шояд неруи барқ дар баъзе кӯчаҳо каме пештар аз муҳлати нишондодашуда таъмин карда шавад.