Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.
Худованд ба фазли худ барои мӯъминон охири моҳи Рамазонро ид ва хурсандӣ барои бандагонаш гардонидааст. Вақте Рамазони муборак хотима меёбад, рӯзи якуми моҳи Шаввол иди саиди Фитр аст.
Калимаи “ид” аз решаи “авд” гирӯзи рифта шуда, маънояш баргаштан мебошад. Яъне, ҳамасола дар рӯзи ид ба мусулмонон шодию фараҳ боз мегардад.
Мусулмонони тамоми ҷаҳон дар ин рӯз садақаи фитри худро адо намуда, дар намозгоҳҳо ҷамъ омада, дастаҷамъӣ бо шукру самимияту ихлос намози идро мегузоранд ва сар ба остонаи Парвардигор худ ба саҷда мебаранд, сипас ба табрики якдигар мепардозанд ва ба зиёрату шодбошии хешону ҳамбастагон ва пайвандон мераванд.
Худованд рӯзи иди Рамазон ба намозгузорон хитоб карда мегӯяд: “Ҳар ҳоҷате аз дунёву охират доред, бипурсед, ба шумо медиҳам!” Пас мардум аз намози иди Рамазон бо ризои Худованд ва мағфирати ӯ шоду хуррам ба хонаҳо бармегарданд.
Мо - кормандони “ОИЛА” ҳамаи шумо хонандагони азизро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфта, ба шумо хонаободию саодати дорайнро таманно мекунем.
Иди Фитр омадаасту Рамазон гашт тамом,
Ба шумо ҳамсафарони сафари рӯза салом!
Рӯзаҳотон ҳама дар пеши Худованд қабул,
Рӯзгори хушатон мазҳари тавфиқ мудом.