Arzon march 2024
Рӯзи сиёҳи зани дуюм
1645

 

 Дилбар Эгамназарова, сокини 44-солаи шаҳри Қайроққум мебошад ва бо 5 фарзандаш дар вагон зиндагӣ мекунад. Ин зан аслан зодаи шаҳри Душанебе буда, зиндагии сангине дорад.

Ба гуфтаи худи Дилбар, аз бахти авваллаш ӯ бо се фарзанд ҷудо шуда, дигар намехост оила барпо кунад, аммо дар ҷомеаи мо мардум ба занҳои танҳо каҷ нигариста, дар бораашон фикрҳои нодурусти бисёре мекунанд ва маҳз ҳамин чиз ӯро маҷбур кардааст, ки дубора шавҳар кунад.

7 сол боз дар вагон зиндагӣ мекунем

Дилбар мегӯяд, бо умеди сабуктар шудани зиндагиаш дубора шавҳар кард, вале “аз зери борон ба таги новадон”афтид. Вай аз бахти дуюм боз 3 кӯдаки дигар таваллуд карда, шумораи фарзандонаш ба 6 нафар расид.

Ҳамин тавр оилааш калон шуда, кашидани аробаи зиндагӣ барои ин зан хеле душвор гашт, чунки барои шавҳари дуюмаш вай ҳамсари қонунӣ не, балки зани дуюм аст.

“Вақте аз шавҳари дуюмам писар таваллуд кардам, хурсанд шудам, ки соҳиби фарзанд шудему оилаамон мустаҳкам мешавад, вале баъдтар фаҳмидам, ки ҳатто тавлиди фарзанд ҳам оиларо мустаҳкам карда наметавонистааст, агар пойдевори оила аз оғоз мустаҳкам набошад”-мегӯяд Дилар.

Модарам мурду дар ба дар шудам

Аз нақли дилбар чунин бармеояд, ки баъди аз шавҳари якумаш ҷудо шудан бо 3 фарзанд дар хонаи падару модараш зиндагӣ мекардааст, вале баъди марги волидонаш бародаронаш талаб кардаанд, ки хонаро холӣ кунад. Барои он ки бо 3 кӯдак дар кӯча монда, таънасори мардум нашавад ва дар борааш ҳар хел гап калочаҳои нохуш паҳн накунанд, ночор зани дуюми марде мешавад, вале ин марди зандор имкони барои Дилбар хона харидан надоштааст.

“Падару модарам, агар зинда мебуданд, шояд ин қадар овораю сарсон намешудам, вале марги онҳоро маро бехонумон кард. Беҳуда намегуфтаанд, ки давлати фарзанд модар аст. Модарам мурду ман дар ба дар шудам”-оҳи сард кашида мегӯяд ин зани овораю сарсон.

Русия мардикорӣ рафтам, аммо...

Азоби бехонагию сарсонию камбағалӣ Дилбаррро маҷбур месозад, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ орад. Зан кӯдаконашро монда бо умеди кор кардани пули хона ба Русия меравад, аммо бахташ нахандида аз он ҷо дасти холӣ бармегардад.

“Азбаски пул надоштам, дар ғарибӣ ранҷу азобҳои зиёд кашидам, бар замми ин, ҳомиладор буданам халал расонд. Вақте ҳомила буданамро мефаҳмиданд, маро ба кор қабул намекарданд.

Тифли шашмоҳа нон мехӯрад?

Хостам дар Русия исқоти ҳамл кунам, лекин нашуд. Барои гирифтани кӯдак маблағ лозим буд. Касе ба ман қарз надод, ки исқоти ҳамл карда, аз паси кор шавам. Умри ин кӯдак дароз будааст, бо ҳама ранҷу азобҳо зинда монда, баъди ба Ватан баргаштанам сиҳату саломат ба дунё омад, вале ман на имконият ба ӯ шир додан доштаму на шир харидан. Бечора кӯдакам бо мағзи нон калон шуда истодааст”-ба духтарчааи шашмоҳааш ишора карда мегӯяд зан.

Рӯзе, ки мо барои таҳияи гузориш рафтем, ин тифлаки маъсум, ки Рафоат ном доштааст, бемор буд. Гулӯяш дард карда, ҳатто ҳамон мағзи нонро низ фурӯ бурда наметавонист, аммо модараш маблағе надошт, ки барояш ақаллан ягон доруи оддии арзонак харад.

Шавҳар дар мабҳасу зан дар вагон

“Аз шавҳари якумам се фарзанд доштам, вале духтари калониямро аллакай ба шавҳар додам. Аз шавҳари дуюмам 3 фарзани дигар ба дунё овардам. Умед доштам, ки ақалан хотири кӯдаконаш шавҳарам илоҷе карда ба ман ягон сарпаноҳ мехарад, аммо ба бахти бади ман ӯро ҳабс карданд. Дигар ягон дастгиру мададгор надорам, маҷбурам, ки лаб зери дандон гирифта бо 5 кӯдак дар ҳамин вагон зидагӣ кунам. Вагони мо чунон хунук аст, ки кӯча аз ин ҷо гармтар метобад” –оҳи сард кашида мегӯяд Дилбар.

Аз нақли зан чунин бармеояд, ки шавҳараш шаш моҳ қабл барои бо ҳуҷҷати қалбакӣ ба Русия рафтан ҳабс кардаанд. Дилбар чанд сол зиндон шудани шавҳарашро намедонад ва боварӣ надора, ки баъди ба озодӣ баромаданаш ин мард ӯву фарзандонашро суроғ мекунад ё не.

“Дар дари хонаи мардум мардикорӣ карда, як пора нон меёбам. Шукр, ки ҳамин одамони хайрхоҳ ҳастанд ва бар ивази кору бори хонаашонро карданам ягон сум пул дода, каму беш кӯмак мекунанд, вагарна дар ин вагони хунук кайҳо аз сардию гуруснагӣ мемурдем”-қисса мекунад зан.

Ҳоле, ки мо дорем, саг надорад

“Як бор аз ҳукумати шаҳри Гулистон даъват карданд. Рафтам. Ростӣ умед доштам, ки кӯмак мекунанд, вале як пачка намак ҳам надоданд. Гуфтанд, ки агар бачаҳоямро калон карда натавонам, беҳтараш онҳоро ба ихтиёри давлат супорам. Зиндагиам бениҳоят вазнин аст. Ҳоле, ки мо дорем, саг надорад. Бовар кунед, аксар вақт аз хунукию гуруснагӣ хоби кӯдаконам намебарад, вале нигоҳубини 4 бача душвор бошад ҳам, дилам намешавад, ки аз баҳри фарзандонам гузарам...”-мегӯяд Дилбар ва инони ихтиёр аз даст дода мегиряд.

Ба гуфти худи зан фарзандонаш шабҳо чандқабати либос пӯшида, баъд ба чогаҳи хобашон медароянд, зеро вагонашон чунон сарду хунук аст, ки устухонҳои кас ба сӯзиш медароянд. “Боре чунон тангии зиндагӣ ба ман алам кард, ки гуфтам дорӯи марги мӯш харида ҳам худам ва ҳам фарзандонамро аз ранҷу азоб халос мекунам, вале боз аз рӯзи қиёмат тарсида, гиребони тавба доштам. Кӯдаконам аз соати 4-и бегоҳ қабат-қабат либос пӯшида ба даруни ҷогаҳ медароянд ва худро ба кӯрпа печонда мешинанд, вале боз гиряву нола мекунанд, ки хунук хӯрдем. Як сар дораму сад савдо. Намедонам сарамро ба куҷо занам” гуфт Дилбар ҳангоми хайрухуш.

Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зан ва фарзандонаш дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои 92-843-00-71 занг зада бо худи Дилбар ҳамсӯҳбат шаванд ё рафта ҳолу аҳволи ӯву бачаҳояшро бо чашми худ бибинанд.    

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД