arzon replenishment
Рӯзи иди Фитр аниқ шуд!
1954

 

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи иди саиди Фитр муайян карда шуд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Марказӣ дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз бо ҳайати дигари шӯро баргузор шуд, рӯзи иди Рамазонро тасдиқ намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар мувофиқа бо далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рўзи душанбе 2-юми май рост меояд.

Аз ин рӯ қарор қабул карда шуд, ки дар тамоми кишвар рўзи душанбе 2-юми майи соли ҷорӣ, соати 6-00 дақиқа, намози ид баргузор мегардад

Имомхатибон муваззаф карда шуданд, ки барои расонидани кўмаки моддӣ ба мўҳтоҷону ниёзмандон ва пешгирии исрофкориҳо дар рўзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД