arzon replenishment
Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
506

Ба ифтихори “Рӯзи китоб” ва Ҷашни Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ”Рӯзи дарҳои боз” баргузор гашт.

Имрӯз саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон идгоҳро мемонд. Ҳамасола 4-сентябр дар ҷумҳуриамон “Рӯзи китоб” таҷлил карда мешавад. Ин анъанаи нек имсол низ идома ёфта, бахшида ба “Рӯзи китоб” ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имрӯз дар ин даргоҳи маърифат намоиши китоб баргузор гашт.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои миллии тоҷикона ба маърази тамошои мардум гузошта шуданд. Бо шарофати ин чорабинӣ сокинону меҳмонони пойтахт имкон пайдо карданд, ки китобҳои гуногуни илмию бадеъӣ ва асарҳои нодирро пайдо намуда, ҳамчунин маҳсули дасти ҳунармандони халқиро аз қабили дастпона, гарданбанд, гӯшвораю ангуштаринҳои нуқрагин, ҷома, тоқӣ, куртаҳои чакан, адрас атлас, сумкачаҳои занонаи аз атласу чакан омода шуда, сару либоси арӯсӣ, ҳайкалчаҳои зебои махсус барои ҷамъоварии танга пешбинишуда ва асбоби мусиқии халқиро харидорӣ намоянд.

“Рӯзи дарҳои боз” дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ва дигар шарикон доир гашта, дар намоишгоҳи мазкур корхонаву муассисаҳои мухталиф ба шахсоне, ки кор меҷӯянд, ҷойҳои кории холиро дар дохилу хориҷи кишвар пешниҳод карданд.

Тавре ки Абдуғаюр Саломов, сардори шӯъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, ҳамасола Китобхона дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи китоб ва ҷашни Истиқлолият “Рӯзи дарҳои боз”-ро баргузор менамояд.

"Бештар ба ин чорабинӣ, донишҷӯён, махсусан донишҷӯёни курсҳои аввали донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва литсею омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии пойтахт ҷалб мегарданд, зеро онҳо ба тозагӣ ба шаҳр омада, қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи омӯзиши илму донишу ҳунар гузоштаанд. Бо ҳамин восита ҷавонон ба Китобхонаи миллӣ ҷалб ва аъзо шуда, минбаъд метавонанд дар корҳои илмии худ аз ганҷинаи фаровони китобҳое, ки дар китобхона гирд оварда шудаанд, истифода баранд”, - гуфт ин масъули чорабинӣ.

Ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон китобҳои нодире вуҷуд доранд, ки ин асарҳои бебаҳоро дар дигар китобхонаҳо пайдо кардан душвор аст. Шумораи китобҳо зиёд буда, дар ҳар як толори китобхона як китобро дар як вақт аз 10 то 40 нафар мутолиа карда метавонанд.

Дар робита бо китобҳои электронӣ Абдуғаюр Саломов гуфт, китобхонаи электронӣ бо китобхонаҳои электронии чандин кишварҳои пешрафтаи дунё пайваст мебошад.

"Толори китобхона бо интернети баландсуръат пайваст буда, донишҷӯён, аспиратон ва дигар дӯстдорони китобҳои электронӣ намунаҳои адабиёти навтарини ҷаҳонро ба осонӣ пайдо карда метавонанд“, - гуфт мавсуф.

Ба саволи мо дар хусуси сабаби ширкат надоштани нашриётҳо дар ин чорабинӣ, ки махсус ба “Рӯзи китоб” бахшида шудааст, масъули Китобхонаи Милии Тоҷикистон гуфт:

“Мо қаблан тамоми нашриётҳоро огоҳ карда, даъватнома фиристода будем, то ки дар ин чорабинӣ ширкат варзида, китобҳои тозанашри худро ба маърази тамошо гузоранд, вале афсӯс...”

Ёдрас мешавем, ки ҳамасола 4-сентябр дар Тоҷикистон “Рӯзи китоб” таҷлил карда шуда, ҳамзамон ба хотири ҷалби бештари мардум ба китобхонӣ ва омӯзиши илму маърифат бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуну чорабиниҳои зиёде баргузор карда мешаванд.

“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат” аз зумраи чунин тадбирҳои пурсамар буда, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои иштирокчиёни ин озмунҳо толорҳои махсус ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо асарҳои озмунӣ гирд оварда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД