Чанд соли охир ҷангу ҷанҷолҳои мактабӣ ба мавзӯи доғи ҳаёти ҷомеаи мо табдил ёфтаанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як моҷарои мактабӣ хабар додааст.
Агар пештар писарон дар мактаб занозанӣ мекарданд, ин дафъа авбошӣ аз ҷониби духтарон сурат гирифтааст.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №51-и пойтахт байни як гурӯҳ духтарон ҷангу ҷанҷол сар задааст.
Ҳодиса тақрибан соатҳои 9:30 - 9:35 ҳангоми танаффус сар зада, духтарони синфи 8-и мактаби мазкур дар саҳни бинои мактаб сароғоз шӯхӣ ба шӯхӣ бо ҳам баҳс кардаанд, вале баъдан баҳс ба муноқиша ва ҷанҷол печида, духтарон бо якдигар дастбагиребон шудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати панҷ нафар волидайни ноболиғон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.