Дарвозабони машҳури тоҷик Рустам Ятимов ба 10-гонаи футболбозони қиматбаҳотарини Осиёи Миёна дохил шудааст. Арзиши Ятимовро 1, 2 миллон евро муқаррар кардаанд.
Ҳамзамон Рустам Ятимов қиматбаҳотарин футболбози тоҷик эълон шудааст. Дар байни футболбозони тоҷик зинаи дуюмро Зоир Ҷӯрабоев аз дастаи «Нефтчи» ва Алишер Ҷалилов аз тими «Истиқлол» ишғол менамоянд, ки арзиши ҳарду 700 ҳазор евро мебошад. Дар зинаи сеюм низ ду бозингари дигари “Истиқлол” Ҳамадони Камолов ва Эҳсони Пандҷшанбе қарор доранд, ки ҳарзиши ҳарду футболист 600 ҳазор евро мебошад. Дар зинаи чорум Парвиз Умарбоев қарор дошта 500 ҳазор евро арзиш дорад, зинаи панҷумро Ваҳдат Ҳанонов ва Олег Баклов бо 400 ҳазор евро ишғол намудаанд.