Дарвозабони овозадори тоҷик Рустам Ятимов ба панҷгонаи гаронбаҳотарин футболбозони Осиёи Марказӣ шомил шудааст. Расонаҳо дар ин бора дар такя ба маълумотҳои тозаи Transfermarkt хабар додаанд.
Transfermarkt асосан ба муайян кардани арзиши футболбозон машғул буда, маълумотҳои тозаро дар бораи қимати футболбозони тимҳои Лигаи аввал ва Премер-Лигаи Россия пешниҳод намудааст. Дар ин рӯйхат номи футболбозони машҳур аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишвраҳои Осиёи Марказӣ низ ҳаст.
Номи дарвозабони машҳур Рустам Ятимов, ки аслан зодаи Тоҷикистон буда, дар ҳайати “Истиқлол” ва Тими миллии Тоҷикистон шарафи футболи тоҷикро дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳимоя менамуд, дар сархати ин рӯйхат дар панҷгонаи аввал қарор дорад. Арзиши Рустам Ятимов, ки айни замон дар ҳайати тими “Ростов”-и Россия бозӣ мекунад, тибқи маълумоти Transfermarkt 1,5 млн евро буда, яке аз 5 футболбози қиматбаҳотарин аз Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Дар байни варзишгарони Осиёи Марказӣ футболбози ӯзбек Аббос Файзуллоев дар зинаи аввал қарор дорад, ки арзишаш 8 миллион евро будааст. Зинаи дуюмро ҳимоятгари “Зенит” Нуралӣ Алип бо арзиши 3 млн евро ишғол намудааст, ки зодаи Қазоқистон аст. Варзишгари дигари қазоқ Максим Самородов бо арзиши 2,5 млн евро дар зинаи сеюм қарор дорад.
Рустам Ятимов дар зинаи чорум қарор дошта, қиматашро 1,5 миллион евро муайян кардаанд. Панҷгонаи қиматбаҳотарин футболбозони Осиёи Марказиро Рустам Ашурматови ӯзбек ва Гулҷигит Аликулови қирғиз ҷамбаст намуда, арзиши ҳар яки ин футболбозон 600 ҳазор евро нишон дода шудааст.