Arzon march 2024
Рустам Азимӣ ба хотири Меҳронахон консерти хайриявӣ медиҳад
62

Дар "Маркази Ҷавонон"-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба духтараки бемор Меҳронахон Хисравзода, ки баҳри табобаташ 2 млн доллари амрикоӣ маблағ лозим аст, рӯзи 15-уми ноябр таҳти унвони "Мо бо ҳам метавонем" консерти хайривӣ баргузор мегардад.

Дар барнома сарояндаи ҷавону хушовоз Рустам Азимӣ бо гурӯҳаш - "RA Group" ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Маблағи аз консерт ба даст омада ба табобати Меҳронахон харҷ карда мешавад.

Рустам Азимӣ зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj дар мавриди консерт чунин гуфт: “Ин пешниҳоди аҳли гурӯҳ буд, то дар табобати Меҳронахон саҳми худро гузорем. Маблағи камтар мебуд, худамон аз 5-10 тӯй ҷамъ карда медодем, лекин хеле гарон аст. Аз ҳамин хотир, ба халосае омадем, ки бо ёрдами халқи азизамон аз консерт каме ҳам бошад, маблағ ҷамъ карда, дар табобати ин духтараки бемор ёрӣ расонем. Агар имкон бошад ва дархости мухлисон шавад, ман ҳозирам, ки дар 10 баст ҳам консерт диҳам".

Сароянда дар сторизи шабакаи "Instagram" хабар додааст, ки дар муддати 1 соату 20 дақиқа алакай 800 нафар барои харидории чипта муроҷиат кардаанд.

Шумо метавонед чиптаҳоро аз кассаи "Маркази Ҷавонон"-и шаҳри Хуҷанд дастрас намоед.

Хотиррасон мекунем, ки барои табобати Меҳронахон 2 миллион доллар лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД