Русия дар қатори даҳҳо қонунҳои нави муҳоҷиратӣ, ки тӯли як соли охир қабул шуданд, боз як навигарӣ ҷорӣ намуда, ба ташхиси тиббии муҳоҷирон низ дигаргунӣ ворид кардан мехоҳад.
Сергей Леонов, вакили Думаи давлатии Русия ва сарвари Кумитаи тандурустӣ пешниҳод намудааст, ки дар клиникаҳои шахсӣ аз ташхиси тиббӣ гузаронидани муҳоҷирон манъ карда шавад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Леонов гуфтааст, ки қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз ташхиси тиббӣ нагузашта, аз клиникаҳои шахсӣ маълумотномаи тиббии бардурӯғ мегиранд. Ба қавли депутати рус, ин ҳолат боиси паҳн гаштани бемориҳои хатарноки сироятӣ, аз қабили ВИЧ-СПИД мегардад. Аз ҳамин хотир, Сергей Леонов пешниҳод намудааст, ки минбаъд дар клиникаҳои шахсӣ гузаронидани шаҳрвандони хориҷӣ аз ташхиси тиббӣ пурра манъ карда шавад.
“Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд танҳо дар беморхонаҳо ва муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ аз ташхиси пурра гузаронида шаванд, то ки вазъи воқеии саломатиашон муайян гардад. Ин ҳам барои ҳифзи саломатии мардум ва ҳам ба хазинаи давлат фоидаи зиёде меорад, зеро маблағе, ки муҳоҷирон барои ташхиси тиббӣ месупоранд, минбаъд ба хазинаи давлат меравад”,- таъкид намудааст Леонов.
Дар Русия аз ташхиси ВИЧ-СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмӣ буда, ҳамзамон нашъаманд будан ё набуданашон муайян карда мешавад.