Arzon march 2024
Рушди иқтидор: Аҳамияти таҳсили духтарон дар Тоҷикистон
24.06.2024
PROMO
1289

«Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар аст ва олимон бузургтарин захираи зеҳнии ҳар ҷомеа маҳсуб меёбанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон чун дар саросари ҷаҳон таҳсили духтарон дар ташаккули ояндаи ҷомеа ва иқтисод нақши муҳим дорад. Аммо, сарфи назар аз талошҳои назарраси давлат, фаъолони ҷомеа ва шарикони рушд, мушкилот дар самти гирифтани таҳсилот дар соҳаи илмҳои дақиқ ва STEM (илмҳои дақиқ, технология, муҳандисӣ, математика) барои духтарон боқӣ мондаанд. Ин мушкилот на танҳо ба инкишофи фардии ҳар як духтар, балки ба некуаҳволии иҷтимоӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат низ таъсир мерасонанд.

Яке аз мушкилоти асосӣ дастрасии нокофии духтарон ба таҳсил, бахусус дар деҳот ва навоҳии дурдаст аст. Сабаби ин нокифоя будани инфрасохтор, нарасидани омӯзгорони соҳибихтисос ва монеаҳои фарҳангӣ, аз қабили ақидаҳои қолабӣ дар бораи нақши зан дар ҷомеа мебошад. Илова бар ин, мушкилоти иқтисодии бисёре аз хонаводаҳо ба он оварда мерасонад, ки духтарон маҷбур мешаванд аз таҳсил даст кашанд ва дар корҳои хона ё берун аз мактаб меҳнат кунанд.

Бояд эътироф кард, ки иштироки духтарон ва занон дар илм, муҳандисӣ ва математика на танҳо барои худи духтарон, балки барои тамоми ҷомеа аҳамияти калон дорад. Рушди малакаҳои STEM дар духтарон ба васеъ гардидани имкониятҳои касбӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, гуногунии қувваи корӣ боиси навоварӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳо дар соҳаҳои илм ва техника мегардад.

IMG_20240513_173215_996

«Маълум аст, ки заминаи пешравии ҳар як кишвар аз дастгирӣ ва фаъолияти илмии мутахассисони соҳибмаълумот ва ихтисосманд вобаста аст. Инчунин, таъкид кардан ба дастгирии занон ва духтарон барои иштироки баробар дар самти илмҳои дақиқ хеле муҳим аст. Бо муваффақият дар соҳаҳои илм ва технология, онҳо ба дигарон илҳом мебахшанд ва монеаҳоро бартараф намуда, бештари занонро ба омӯзиш дар STEM ва соҳибкорӣ ташвиқ мекунанду дар рушди кишвар ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузоранд”,- мегӯяд Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Шамс» Муқаддас Ҳомидҷонова.

Иштироки занон дар соҳаҳои STEM инчунин ба фароҳам овардани муҳити фарогиртар ва навоварона мусоидат мекунад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки гуногунрангӣ дар гурӯҳҳо ба пайдоиши ғояҳои нав, дурнамо ва ҳалли мушкилот мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ташвиқи таҳсили духтарон дар соҳаҳои STEM барои таъмини рушди устувор ва ҷомеаи пешрафта муҳим аст.

Ташкилоти ҷамъиятии «Шамс» дар самти рушди маориф фаъолият мебарад ва барои мусоидат намудан ба таҳсилоти занону духтарон ва афзоиши иштироки онҳо дар соҳаҳои STEM шабакаи миллӣ таъсис додааст. Тавассути таълими духтарон ва ҷалби донишҷӯён ба барномаҳои рушд, ташкилот ба духтарон имкон медиҳад, ки иқтидори худро тақвият бахшанд. Ташкилот дар як муддати кӯтоҳ ба садҳо духтарон аз курсҳои тайёрии дохилшавӣ ба донишгоҳ сар карда, то маҳорати роҳбариро омӯзонидааст.

IMG_20240522_142546

Шаҳноза Сатторзода, яке аз иштирокдорони курси маҳорати роҳбарӣ барои духтарон мегӯяд: «Ман Сатторзода Шаҳноза, донишҷӯи бахши якуми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳастам. Имсол дар факултети мо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Шамс» дар мавзуҳои «Маҳорати суханварӣ», “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” ва «Маҳорати роҳбарӣ» маълумоти муфид пешкаш гардид. Ман аз иштирок дар ин лоиҳаҳо хеле шодам. Зеро, дар ин лоиҳа маълумоти зиёде ба даст овардам. Ба ман махсусан рӯзи дуюми сессияҳо писанд омад, зеро ба мо дар бораи ҳуқуқи инсон маълумоти зиёд дода шуд. Мехоҳам, ки дар оянда чунин лоиҳаҳо бештар бошанд».

Барои он ки дастрасии духтарон ба таҳсилоти STEM дар Тоҷикистон боз ҳам бештар бошад, ҳамкориҳои пайвастаи ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст. Ин баланд бардоштани саводнокии аввалия ва рушди барвақтиро дар бар мегирад, зеро асоситарин аст. Ҳамчунин, боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтори маориф, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба аҳамияти таҳсилоти духтарон, расонидани кӯмаки молиявӣ ба оилаҳо ва эҷоди барномаҳои дастгирӣ барои духтароне, ки хоҳиши машғул шудан ба самтҳои STEM-ро доранд, зарур аст.

IMG_20240623_161015

«Лоиҳаҳои «Шамс» дар пешбурди таҳсили духтарон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ судманд буданд. Муаллимаи муҳтарам Муқаддас Ҳамидҷонова барои ман ва ҳамкурсонам намунаи ибратанд, ки ба бисёр духтарони ноҳияҳои дурдаст кӯмак расониданд, то иқтидорашонро рушд диҳанд. Мо фахр мекунем, ки тавонистем аз роҳбарони соҳибмаълумоте амсоли Хуршеда Раҳимова ва муаллима, Шуҷоат Ҳасанова омӯзиш бигирем. Мо - донишҷӯён дар оммавигардонии илм ва ободии кишварамон саҳм мегузорем»,- мегӯяд Мафтуна Сафарзода, донишҷӯи ДДХ ба номи Б. Ғафуров.

Дар саросари ҷаҳон мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки чӣ гуна сармоягузорӣ ба таҳсилоти духтарон фоидаи назаррас меорад. Духтари таҳсилкарда эҳтимоли зиёд дорад потенсиали даромади шахсии худро афзоиш ва инчунин камбизоатиро дар ҷомеа коҳиш диҳад.

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, як соли таҳсилоти миёна барои духтар ба 25%-и афзоиши музди меҳнат дар охири умр баробар аст. Маълумотнокӣ дар беҳтар кардани натиҷаҳои солимӣ нақши муҳим мебозад. Таҳсилоти духтарон бо нишондодҳои хеле пасти сатҳи беморӣ, ҳомиладории бармаҳал ва марги модарон алоқаманд аст. Таъсир аз як насл ба насли дигар мегузарад: кӯдакони духтарони таҳсилкарда солимтар ва босаводтар мешаванд.

IMG-20240518-WA0000

Дар маҷмуъ, маориф дар сатҳи ҷомеа рушди дарозмуддати иқтисодиро таъмин мекунад, ба инноватсия мусоидат менамояд, институтҳоро таҳким мебахшад ва иттиҳоди иҷтимоиро тақвият медиҳад.

Хуллас, рушди иқтидори духтарон дар соҳаи маориф ва STEM барои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, кӯшиши муштараки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини имкониятҳои баробар ва рушд барои ҳар як фард, новобаста аз ҷинс, зарур аст.

Муқаддас ҲОМИДҶОНОВА, Роҳбари ТҶ «Шамс»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД