Sebiston new 2024 october
Рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо миёни Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
773

Дар робита ба иҷрои мувофиқаҳои ҳосилшудаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар толори бузурги "Hyatt Regency" таҳти роҳбарӣ ва ҳамоҳангии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари бахшҳои давлатӣ ва хусусии ду кишвар бо иштироки 100 нафар намояндагони он баргузор гардидааст.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вазорату идораҳои марбутаи ҷонибҳо суханронӣ намуда, самтҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноат, инфрасохтор, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур муаррифии зарфият ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар ин замина густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.

Пас аз қисмати расмии мизи мудаввар вохӯриҳои дуҷониба дар формати B2B ва B2G баргузор гардида, самтҳои нави ҳамкорӣ муайян гардидаанд.

Иштирокчиён ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расидаанд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД