МАЪЛУМОТНОМА Соли таваллуд: 19 июн 1993 Ҷойи таваллуд: ш. Кӯлоб Вазъи оилавӣ: Оиладор Ҷойи кор: Директори Радиои “Нав” Пеша: шоумен, сароянда, продюссер |
- Муборизҷон салом. Нахуст назари шуморо дар робита ба хушбахтӣ донистан мехостем. Яъне, хушбахтӣ чист?
- Хушбахтӣ, пеш аз ҳама, оромӣ ва бароҳат кору зиндагӣ кардан аст.
- Шумо хушбахтед?
- Бале, ман 400% хушбахтам.
- Кадом заминаҳоро омили хушбахтӣ мешуморед?
- Заминаҳо бисёранд. Аз ҷумла. дар касбу кори худ муваффиқ будани ҳам зану ҳам шавҳар ва дар ҳаёт мақсади муайяну дақиқи худро доштани онҳо ин заминаи хушбахтӣ аст. Оилаи хурсанд доштан ҳам, далели асосии хушбахтист.
- Хушбахт будан лаззат дорад?
- Бале дорад. Мисол, саҳар вақте аз хоб мехезиву бо хоҳиши худат ба кор меравӣ ва бегоҳӣ интизор мешавӣ, ки тезтар ба хона баргашта, ҳамроҳи хонаводаат хӯроки шом хӯрӣ. Яъне, вақти боқимондаатро бо оилаат сарф мекунӣ, на ба корҳои боқимонда. Ана, ҳамин аст лаззати хушбахтӣ ба андешаи ман.
- Шумо шахсияти шинохтаед ва то ҷое огаҳӣ дорем ҳамсаратон ҳам корманди телевизион буда, нафари дар ҷомеа маъруфанд. Оё ин маҳбубияти хонаводагӣ дар тарбияи фарзанди шумо саҳм дорад?
- Бале, саҳми калон дорад. Мо ба ӯ меомӯзем, ки дар ҳаёт бояд чӣ гуна буд ва дар кадом синну сол чӣ гуна бояд ҳарф зад. Ҳамсари ман пештар дар телевизион як барномаи ахлоқӣ дошт бо номи “Муносибат”, ки он ба тарбияи кӯдакон равона шуда буд. Маҳз ҳамин барнома дар тарбияи фарзанди ман нақши калон буд.
- Чиро маҳаки асосии тарбияи фарзанд мешуморед?
- Тарбияи дурусти фарзанд аз эҳтирому дарки ҳамдигар сар мешавад Масалан, дар интихоби шуғл ба фарзанд набояд монеа шуд. Бояд аз рӯи он консепсияе рафтор кард, ки худи фарзанд мехоҳад. Инчунин, волидайн бояд фарзандонашонро ба омӯхтани илм маҷбур намояд. Масалан, ман мехоҳам, ки дар оянда фарзандонам фортопиана, пианино ва скрипкаро нағз навохта тавонанд ва мусиқиро дӯст доранд. Медонам, ки кӯдакро маҷбур кардан кори хуб нест, лекин барои омӯхтани ин асбобҳои мусиқӣ ман онҳоро маҷбур мекунам.
- Ба андешаи шумо фарзанд бояд чӣ гуна бошад?
- Хушақлоқ, боодоб, доно, солеҳ ва накӯ
- Боре ба фарзандонатон даст бардоштаед?
- Не, ман онҳоро ҳатто ҷанг намекунам.
- Ҳамсаратонро дӯст медоред?
- Бениҳоят зиёд дӯст медорам.
- Боре барояш гуфтаед, ки дӯстат медорам?
- Ҳар рӯз мегӯям.
- Гуфтани ҳамин як ҷумла метавонад пояи оиладорӣ бошад?
- Агар ин ҷумларо ба таври романтикӣ қабул кунем, бале! Аммо ба ғайр аз гуфтани ин ҷумла оиладориву ҳаёт бисёр нуқтаҳои муҳим дорад ва дар ин раванд танҳо дӯст доштан наметавонад одамро хушбахт кунад. Яъне, байни зану мард дар раванди оиладорӣ бояд эҳтиром, муҳаббат ва монанди ин дигар ҷузъиётҳои муҳим бошад. Таъмини оилаву фароҳам овардан шароити хуб ба кӯдакон ҳам омилҳои пурракунандаи хушбахтианд.
- Ишқро чӣ гуна таъриф дода метавонед?
- Ишқро ман таъриф дода наметавонам, зеро он як эҳсосоти муваққатӣ аст ва ҳамдигарфаҳмӣ ё ҳурмату эҳтиром дар зиндагӣ аз он муҳимтар асту болотар меистад. Масалан, одам дар як лаҳза метавонад ошиқ шавад ва боз ҳамин як дақиқа кофист, ки он одамро сахт бад бинад. Ин ҳамин ишқ аст, ки умри тӯлонӣ надорад.
- Чаро оилаҳои ҷавон зиёд ҷудо мешаванд?
- Шояд якдигарро дӯст дошта оиладор мешаванд, аммо ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром миёнашон нест, ки ин боиси ҷудошавиашон мегардад.
- Пас, чӣ бояд кард, то оила солиму хушбахт бошад?
- Ҳамдигарро шунавидаву фаҳмида тавонистан даркор аст. Масалан, хӯроке ҳаст, ки ман онро дӯст медорам, аммо ҳамсарам не, ё баръакс. Барои ба мувофиқа расидан бояд хӯрокеро интихоб карда хӯрд, ки ба ҳарду тараф писанд ояд.
- Дар зиндагии Шумо ҳодисае ҳаст, ки бо ба ёд оварданаш сурх шавед?
- Дар ҳаёти ҳар як нафар бисёранд ҳодисаҳое, ки бо ба ёд оварданаш одам сурх мешавад. Дар зиндагии ман ҳам чунин ҳодисаҳо зиёданд. Масалан, як бор бо устод Убайдулло Раҷабов дар як барномаи телевизионӣ суҳбат доштем. Дар рафти суҳбат ман ба ҷои калимаи “ақди никоҳ” ибораи “аҳди никоҳ” – ро истифода кардам. Шояд аз нодонӣ буд ё чизи дигар, ки чунин гуфтам. Баъдтар маънои онро фаҳмида, сурх шудам. Устод Убайдулло Раҷабов гуфтанд, ки новобаста ба хатоҳо тарзи бурдани барнома аз ҷониби ту барои ман писанд аст. Ин барои ман давлати калон буд. Чунин мисолҳо зиёданд, ки то ҳол бо ба ёд оварданаш сурх мешавам.
- Ташаккур барои суҳбати ҷолиб! Умед дорам, ки ҳамеша хушбахт мемонеду бо оилаатон канори ҳам!
- Ташаккур Мирсаид. Барор ба Шумо!