...Аммаи ягонаам зодрӯз дошту ман чун ҳарвақта барои ёрӣ додан ба хонааш рафтам, бегоҳ дар қатори меҳмонон хушдомани ҳозираам ҳам буду бо як дидан ба қавли худаш ба ман “ошиқ” шуд. Амаам ин хушхабарро дарав ба волидонам расонд ва гуфт, ки сарватмандтарин хонадони шаҳр ба Бону харидор шудаанд.
Волидайнам аз хурсандӣ намедонистанд чӣ кор кунанд ва Худо мегуфтанд, ки хостгорон аз ин хонадон биёянд. Хостгорон- падару модари домодшаванда бо ифтихор дар бораи писари бонкирашон, ки дар Амрико ким-кадом донишгоҳи бонуфӯзро хатм намуда буд, сухан мегуфтанд...
Парвина Шукруллоева: Дилам дар кафи дасти марде нест!
...Овозхон як рӯзи худро дар деҳа гузаронида, нон мепазад, алаф медаравад, таппак мекунад ва гов меҷӯшад. Ӯ мегӯяд, новобаста аз он ки ҳунарманд аст, иҷрои корҳои деҳаро дӯст медорад. Иштирокчиёни барномаи “Universal lady”, ки асосан ситораҳои санъат ҳастанд, як рӯзи худро дар деҳа паси сар карда, корҳои деҳаро ба сомон мерасонанд ва бо ин роҳ аз ҳунарҳои дигари худ дарак медиҳанд. Парвина Шукруллоева моҳи январи соли 2019 эълон карда буд, ки ба хотири оила саҳнаро тарк мекунад ва ба тарбияи фарзандонаш машғул мешавад...
Гуноҳи нобахшиданӣ
...Ин дафъа мард ба хулосае омад, ки то ҳамсари муносиб пайдо накунад, хонадор намешавад. Обид бо чор фарзанди ба ҷон пайвандаш, ки аз зани якумаш буданд, зиндагии тинҷу осуда дошт. Ҳарчанд онҳо мӯҳтоҷи навозишу меҳрубонии модар буданд, аммо модари бераҳмашон фарзандони худро ба шавҳар гузошта рафт. Ҳар бинанда ба зудӣ эҳсос мекард, ки тифлакон аз оғӯши гарми дилсӯзи модар бенасибанд. Ҳамарӯза садои нолаи онҳо ҳамсояҳоро нороҳат месохт, ҳанӯз субҳ надамида, “очаҷон” гуфтану гиря кардани чор тифли дар орзуи модар ба гӯш мерасид...
“Якта ай миллион”-и Зулайхо кӣ бошад?
...Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 27-солаи тоҷик, ҳафтаи гузашта клиптаронаи ҷадиду дидании худро нашр намуд, ки дар шаҳри таърихии Петраи Шоҳигарии Урдун сабт шудааст. Суруд “Якта ай миллион” ном гирифта, оҳангаш моли шоири тоҷики муқимии Амрико Наргис Шарифзода мебошад. Пироҳанҳои зебо ва ороиши рӯю мӯи овозхонро тарроҳи шинохтаи ӯзбек Лидия Андре таҳия кардааст. Клиптаронаро аз замони нашраш то кунун дар саҳифаи “Zulaykho Mahmadshoeva” дар шабакаи YouTube зиёда аз 140 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Мухлисони Зулайхо ба мазмуни суруд мароқ зоҳир карда, "якта ай миллион"-и овозхонро донистан мехоҳанд.
Қотили бибиям шудам
...Духтур модарамро ба як ҳуҷра дароварда, захмҳои ӯро сурат мегирад. Баёноти ронанда ва духтуронро бо аксҳои модарам ҷамъ карда, рӯи мизи майор мемонад. Бибиям аҳволи модарамро дида, дарун-дарун месӯзад. Аз он ки гул барин духтарро ба чунин оила додааст, худашро сарзаниш мекунад. Бо нӯги рӯймол ашки чашмонашро тез-тез аз рухсорҳояш пок мекунад. Модарам дар рӯи кат нолаи дилхарош карда, беҳаракат мехобад. Сару рӯяш варам, ангушти хурдии дасти росташ шикаста, зери чашмонаш сиёҳ, пешонияш кафида. Дар бораи баданаш ҳоҷати гап набуд. Гӯё касе ҳамаи рангҳоро якҷоя карда, ба дасту по ва пушту шиками вай рехта бошад...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 22-юми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 9-уми июни соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!