Formula novemver 2024
Рози дили духтари ҳунарманд
1671

Рози дили духтари ҳунарманд

Сози хубу навои хуш ба дилҳо шӯру шарар мебахшад. Кас аз шунидани мусиқии дилангез роҳат намуда ба олами афсонавӣ ворид мешавад. Ба хотири кушдани равзанае ба дунёи ҳунар мо бо навозандаи ҷавон Ёсуман Шокирова, ки оҳангҳои навохтааш дили ҳазорон нафарро тасхир кардааст, сӯҳбат и хеле ҷлиберо анҷом додем, ки ин лаҳза фишурдааш манзури ихлосмандони сомонаи Оила. ТЧ мегардад.

-Ёсуман, чӣ боис гашт, ки рӯ ба олами мусиқӣ овардед?

-Азбаски меҳру муҳаббати санъату мусиқӣ аз даврони бачагӣ дар замирам ҷой дошт, рӯ овардам ба олами ҳунар. Банда дастпарвари мактаби мусиқии шаҳри Истаравшан мебошам ва бо ихтисоси рубоби қашқари, таҳти роҳбарии устодам Хушбахт Ӯлмасов ин даргоҳи ҳунарро бомуваффақият хатм намудаам. Ростӣ, баъди хатми мактаби мусиқӣ хостам ба донишкадаи тиббӣ дохил шуда, духтур шавам, аммо тақдир маро ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бурд. Ин днишкадаро бо дипломи аъло хатм карда бошам ҳам, муҳаббате, ки нисбат ба санъат доштам, нагузошт, ки аз дунёи ҳунар дур шавам, бинобар ин ,рӯй овардам ба Донишкадаи фарҳанг ва санъат.

-Фаъолияти кориатонр аз куҷо оғоз намудед?

-Корро аз Коллеҷи санъати шаҳри Хучанд ба номи Содирхон Ҳофиз оғоз намуда, дар ин даргоҳ ба ҳайси мудир ва омӯзгор фаъолият менамудам, баъдтар ба ансамбли давлатии "Шашмақомсароён"- и "Нури Хучанд" бо роҳбарии устод Ҷӯрабек Муродов шомил шуда, ба ҳайси навозанда чанд сол фаълолият доштам. Бо ҳосил кардани таҷриба дар ҷодаи санъат ва ивази макони зистам, яъне кӯч бастан ба пойтахт, шомили ансамбли "Дарё" гаштам ва ҳамчун навозандаи "сози қонун" фаъолият менамоям. Бо роҳнамоии роҳбари ғамхору пуртаҷрибаи ансамбл Нурали Шерматов ва роҳбари дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио Саидқул Билолов кӯшиш карда истодаам, ки ҳунари худро бз ҳам бештар такмил диҳам.

-Чӣ душвориҳо дорад олами мусиқӣ?

-Олами мусиқӣ душвориҳои зиёде дорад, аммо дар сурати дар қалби шахс аланга задани меҳри ҳунар ҳама душвориҳоро паси сар карда, метавон ба оромиши комил роҳ ёфт. Шахсан барои ман ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ бо олами мусиқӣ ворид гаштану устоди соҳибтаҷриба доштан кӯмак расонд, ки душвориҳои ин ҷодаро бо сабурӣ даро паси сар намоям. Ишқи санъату ҳунар, дар ягон ҳолат намегузорад, ки ҳунарманд рӯҳафтода гардад.

-Суруду мусиқии кадом кишварҳо бароятон писанд аст?

- Пеш аз ҳама оҳангҳои ҷаззобу дилфиреби тоҷикона бароям мақбуланд, оҳангҳои Эрон ва Ҳиндустонро низ меписандам. Азбаски ин оҳангҳо хусусияти тарбиявӣ ва тасаллобахшӣ доранд, ҳамагон ин савту наворо дӯст медоранд.

- Бо кадом ҳофизон ҳамкорӣ доред?

- Бо устодон Саидқул Билолов, Ҷӯрабек Муродов, Зоиршо Ҳайдаров, Наҷмиддин Қаландарзода, Алишер Қаноатзода, Лола Азизова, Муҳаррама Шарипова, Озода Ашӯрова, Хосияти Зарафшонӣ, Гулбаҳор Шокирова (хохарам) Нурбибӣ Ҷӯраева, Садбарг Ҳасанова, Сайёра Ширинова, Карим Назар ва дигарон ҳамкорӣ дорам.

-Ёсуман, чӣ нақшаҳо ва чи орзуҳо доред?

-Ростӣ, нияту орзуҳоям хеле зиёданд, вале орзуи бузургтаринам таҳсилро дар зинаи магистр ва доктор РНD бо муваффақият ба итмм расонида, номзади илм гаштан ва дар ин раванд илму ҳунари навозандагиро сайқал дода, санъати миллӣ ва сози мусиқии ниёгонро ба чаҳониён муаррифӣ намудан аст.

-Киро дар ҷодаи ҳунар устоди хеш меҳисобед?

- Саҳми модарам Бону Шокирова, падарам Шокиров Рустам, хоҳарам Гулбаҳор Шокирова, бародарам Шокиров Суҳроб, додарам Муҳаммадҷони Рустам, ки ҳама дар соҳаи санъат фаъолият доранд, дар рушди фаъолияти ҳунарии ман хеле бузург аст, зеро сарчашмаи асосии тарбияву таълим аз оила манша мегирад. Устоди аввалинам Хушбахт Ӯлмасов, ки ҳеч гоҳ аз ёдам намераванду дӯсташон медорам, барои ба ҷодаи санъат роҳ ёфтанаш талошҳои зиёде кардаанд. Илоҳо рӯҳашон шод бошаду ҷояшон чаннат! Аз устодон Ҳамроқулов Баёт, Азизов Исматулло, Баёнов Манучеҳр, Аслиддин Низомов низ миннатдорам. Ҳамин устодон буданд, ки ман оҳиста-оҳиста ба олами зебои ҳунар ворид гаштам. Аз ҳамаашон миннатдорам.

- Хотирмонтарин лаҳзаи ҳаётатон?

-Лаҳзаҳои фаромӯшнашавнада хеле зиёданд, лекин арои ман ҳар лаҳзае, ки вақти ба кор рафтан падару модарам бароям дуо медиҳанд, ширинтарин лаҳзаҳои умранд.

-Ташаккури зиёд барои сӯҳбати самимӣ. Муваффақ бошед!

Сӯҳбаторо: Абдуғаффор Шодиев

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД