Ҷанг ва ҳодисаҳои хунине, ки чанд рӯз боз дар сарзамини Украина ҷараён доранд, натанҳо ҳаёти сарбозону ҷангиён, балки зиндагии одамони оддиро низ зери хатар гузошта, ба сари мардум фалокату бадбахтӣ ва фоҷиаҳои зиёде оварданд.
Иддае ҷони ширини худро аз даст доданд, бархи дигар дар сӯги азизонашон, ки дар рафти ин ҳодисаҳои хунин кушта шудаанд, хун мегирянд, садҳо ҳазор сокини дигари ин кишвар аз тарси ҷон тарки Ватан ва хонаву хонумони худ намуда, ба дигар давлатҳо фирор мекунанд, гуреза мешаванд..
Ғолибу мағлуб надоштани ин ҷангро дарк намуда, ниҳоят тарафҳо қарор доданд, ки масъаларо на бо куштору хунрезиву тиру туфанг, балки бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал намоянд.
Украина, ки ба музокирот бо Россия қаблан ҳеҷ сар фаровардан намехост, омодагии худро ба гуфтушунид изҳор дошта, аллакай ҳайъати расмии намояндагони худро низ фиристодааст.
Ёдрас мешавем, ки музокироти ҳайъатҳои расмии Россия ва Украина дар Белорусия сурат мегирад. Ин кишвар омодагии худро барои гузаронидани музокироти ду кишвар чунин изҳор доштааст:
“Майдони музокирот барои гуфтушуниди Россия ва Украина кайҳо омода шудааст. Мо интизори омадани иштирокчиёни музокиротем. Намояндагони расмии Украина аллакай ба макони музокирот ҳозир шудаанд...”
Вазорати корҳои хориҷии Белорусия изҳор доштааст, ки музокирот бо расидани ҳамаи ҳайъатҳо оғоз хоҳад ёфт.