Тадқиқотҳои соҳаи тандурустӣ нишон додаанд, ки саратони гарданаи бачадон нисбат ба дигар бемориҳои саратони узвҳои занона бештар аст.
Ин беморӣ асосан дар байни занони аз 35 то 55-сола, ҳамчунин бонувони аз 65-сола боло мушоҳида мешавад.
Дар ин бора мизи мудаввар бо роҳбарии муовини соҳавии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Зулфия Абдусаматзода ва мутахассисони соҳаи саратоншиносӣ, роҳбарон ва мутахассисони марказҳои солимии репродуктивӣ, марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ҷаҳон сол аз сол шумораи бемориҳои экстрагениталӣ дар байни занон, аз ҷумла бемориҳои саратон рӯ ба афзоиш дорад ва Созмони ҷаҳонии тандурстӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида, барои баланд бардоштани сатҳу сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
- Солимии модарону кӯдакон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дошта, яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи Ҳадафҳои Рушди Устувор ба шумор меравад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд дар самти масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемории саратони гарданаи бачадон (СГБ) як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст,- хабар додааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.
Дар кишвар чорабинии скрининги гарданаи бачадон ба роҳ монда шудааст, ки тавассути санҷиш бо усули Шиллер ҳангоми гузаронидани колпоскопия бо мақсади саривақт муайян кардани саратони гарданаи бачадон анҷом дода мешавад.