Arzon march 2024
РОҲҲОИ ПАЙДОИШИ ЗАХМИ МЕЪДА
3074

 

Захми меъда бемории ҷонкоҳест, ки дарди сахту ҷонгудозаш ҷони касро ба лабаш мерасонад. Маъмулан бо фаро расидани фасли тирамоҳ ҳоли гирифторони захми меъда табоҳ гашта, беморӣ авҷ мегирад. Тавре ки мегӯянд, пешгирии касалӣ аз табобати он осонтар аст, аз ҳамин хотир, имрӯз мо ба шумо дар бораи сабабҳои пайдоиши захми меъда ва роҳҳои табобати он маълумот медиҳем.

Вақте ки меъда худро мехӯрад...

Захми меъда ба иллатнокии пардаи луобии меъда алоқамандӣ дорад. Бар асари вайрон шудани кори ин узви ҳаётан муҳими инсон шираи меъда девори меъдаро ба қавле “мехӯрад” ва дар натиҷа захмҳо пайдо мешаванд. Тафовути асосии захми меъда аз дигар бемориҳои меъда дар бисёр амиқ будани захмҳост, ҳатто баъди гузаштани курси пурраи табобат ва ба худ омадани мариз низ дар девори меъда осори захмҳо (шрам) боқӣ мемонад.

Сабабҳои пайдоиши беморӣ

Омилҳои пайдоиши беморӣ хеле зиёданд, вале бештар реҷаи нодурусти хӯрокхӯрӣ, аз ҳад зиёд истеъмол намудани хӯрокҳои бирёнию сахт ва тезу тунду шӯр, бисёр дору хӯрдан ва асабонияти шадид ба пайдо шудани захм дар меъда сабаб мешавад. Аз ин беморӣ бештар афроди 25-50-солае, ки реҷаи корашон вазнин буда, ҳамеша дар ҳолати стресс ва асабоният зиндагӣ мекунанд ва одатҳои бад доранд (сигор мекашанд, шароб менӯшанд...) азият мекашанд. Бемории захми меъда дар мардон нисбат ба хонумҳо бештар ба мушоҳида мерасад.

Захми меъда касалии ирсӣ аст?

Табибон бар замми сабабҳое, ки дар боло номбар кардем, боз 5 омили дигари пайдоиши захми меъдаро муайян намудаанд.

1. Бактерияҳои Хеликобактер-дар 50%-и ҳолатҳо маҳз ҳамин бактерияҳо инсонро ба захми меъда гирифтор месозанд. Хеликобактерҳо бо воситаи ашёҳои умумӣ ва оби даҳон аз одами бемор ба афроди солими дар гирду атрофаш буда мегузаранд. Дар вуҷуди зани ҳомила бактерияҳои хеликобактер вуҷуд дошта бошанд, тифл ҳанӯз дар батни модар сирят ёфта метавонад.  

2. Қабули дорувор-шахс муддати дуру дароз доруҳои зидди шамолхӯриро истеъмол намояд, ба захми меъда гирифтор шуда метавонад. Доруҳои дар таркибашон калсий дошта низ чунин хусусиятро доранд.

3. Захми меъда метавонад бар асари дигар бемориҳо, масалан аз сар гузаронидани касалии сил ва саратон низ ба вуҷуд ояд.

4. Ирсият-беморӣ хусусияти ирсӣ низ дорад ва аз насл ба насл мегузарад. Падару бобо ё модару модаркалонатон азоби захми меъдаро аз сар гузаронида бошанд, хавфи ба ин беморӣ гирифтор шудани шумо ва фарзандонатон ба миён меояд.

5.   Вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва бемориҳои системаи эндокринологӣ.

Намудҳои захми меъда

Захми меъда вобаста ба ҳаҷмаш чанд намуд мешавад.

1. Захми хурди меъда, ки андозааш тақрибан 5 мм мебошад.

2. Захми миёна, ки андозааш 5-10 мм мебошад.

3. Захми калон, ки андозааш 11-30 мм мебошад.

4. Захми азим (гигантский) бо андозаи аз 31 мм калонтар.

Нишонаҳои беморӣ

Нишонаи асосии захми меъда ин дарди шадид аст. Захм ба тозагӣ пайдо шуда бошад, дард баъди хӯрдани хӯрок пайдо шуда, бо нӯшидани каме оби гарм мегузарад. Маъмулан пас аз хӯрдани хӯрокҳои хамирӣ ва тезу тунду шӯр меъда ба дард медарояд ва дар сурати даст кашидан аз чунин ғизоҳо дард худ аз худ гум шуда, одам худро комилан солим эҳсос менамояд, вале ин хомӯшӣ муваққатист. Пас аз чанд вақт дард боз авҷ мегирад ва ҳазми хӯрок торафт душвортар мегардад, чунки низоми кори узв аллакай вайрон шуда, акнун захм бо дарди шадидтар аз худ дарак медиҳад.   Нишонаи дуюми захми меъда тез-тез ба зардаҷӯш гирифтор шудан буда, мариз оруқ мезанад ва дар даҳони худ тамъи туршмаззаеро эҳсос мекунад. Аломатҳои дигари захми меъда инҳоянд:

1. Пайдо шудани сӯзиш ва дард дар қафаси сина.

2. Дилбеҳузурӣ ва майл ба қай кардан.

3.   Эҳсоси вазнинӣ дар меъда.

4. Тез сер шудан аз хӯрок.

5. Гум шудани иштиҳо (апетит).

6. Сахт шудани дарун.

7. Ҷамъшавии бод ва дамиши шикам.

Меъда дард кунад, фишор баланд мешавад?

 

Гирифторони захми меъда бар асари дарди шадиду тоқатфарсо шабҳо бароҳат хоб нарафта, аксар вақт аз бехобӣ азият мекашанд, бар замми ин, хӯроки дуруст нахӯрдан боиси камбудии витаминҳо дар ҷисми мариз мегардад. Аз таъсири дарди зиёд ва асабнияти пайваста бемор метавонад ба фишорбаландӣ гирифтор шавад. Ногуфта намонад, ки захм хурд бошад, дард гоҳ пайдо шуда, гоҳи дигар нест мешавад. Дарди шадиди меъда аз калон будан захм ва авҷ гирифтани беморӣ дарак медиҳад. Дар ин сурат ҳарчӣ тезтар ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Табиб баъди гузаронидани ташхисҳои зарурӣ табобат мефармояд, вале дар ёд дошта бошед, ки табобати захми меъда кори осон нест ва вақти тӯлониро тақозо мекунад. Мариз бояд пуртоқат бошад ва ба парҳез риоя намуда, тамоми дорую дармони фармудаи табибонро сари вақт бигирад.

Парҳез бикун ва солим бош!

Тавр, ки ишорат кардем, шарти аз ҳама муҳим дар табобати захми меъда ин риоя намудан ба парҳез аст. Гирифторони захми меъда бояд дар давраи табобат ва баъди он аз хӯрдани хӯрокҳои хамирӣ, сахт, тез, тунд, шӯр, ҳасиби дуддодашуда (копченная колбаса), машруботи спиртӣ ва обҳои газнок аз қабили “Арси-кола” ва “Фанта” худдорӣ намоянд.

Ба гирифторони захми меъда хӯрокҳои сабуки парҳезӣ тавсия дода мешаванд. Шумо метавонед аз гӯшти камравғани гов ё мурғ шӯрбо пухта хӯред. Истеъмоли моҳӣ иҷозат дода мешавад, ба шарте, ки бисёр серравған набошад. Дар хӯрдани шалва-каша ягон маҳдудият нест...

Ба назди стоматолог равед!

Дар ёд дошта бошед, ки афроди ба захми меъда гирифтор бояд кам-кам ва тез тез, яъне дар як рӯз ба ҷойи 3 бор 5-6 маротиба хӯрок хӯранд. Ҳал кардани хӯрок барои меъдае, ки захм дорад, хеле душвор аст, бинобар ин, хӯрокро аввал нағзакак хоида, баъд фурӯ баред. Мабодо дандонҳоятон пӯсидагӣ бошанд, ҳатман ба назди духтури дандон рафта, дандонҳои пӯсидаатонро канда партоед ва дандони нав часпонед.  

Асабоният-душмани саломатӣ

Шахсони ба захми меъда гирифторшуда бояд кӯшиш намоянд, ки асабҳои худро ором нигоҳ доранд, зеро стресс боиси авҷ гирифтани дарди меъда мегардад. Сайру гашт намудан дар ҳавои кушод ба ин тоифаи беморон фоида дорад.

Аз ҷарроҳӣ саркашӣ накунед, агар...

Дар сурати хурд будани захми меъда хоби бароҳат, асаби ором, риоя намудан ба парҳез ва сари вақт гирифтани дорую дармони фармудаи табибон маризро аз ин дарди ҷонгудоз наҷот мебахшад, вале захми меъда калон бошад ва табибон роҳи ягонаи наҷотро дар ҷарроҳӣ кардан бубинанд, саркашӣ накунед. Имрӯз илми тиб хеле пеш рафтааст ва бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ ҷарроҳии захми меъда чандон хатарнок нест. Пас аз ҷарроҳӣ шумо дар муддати кӯтоҳ ба по мехезед ва ҳаётатон мисли пештара ширину гуворо мегардад. Саломат бошед ва ба қадри ҳар лаҳзаи ҳаёт бирасед, зеро одамизод дар ин дунё ғанимат аст!

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД