Formula september
Роҳҳои халосӣ аз арақ кардани рӯй дар фасли тобистон
1058

Дар тобистон пӯсти рўй арақи зиёд мебарорад, аз ин лиҳоз, дар пўст сурхиву рихинакҳо ва яраҳои чиркдор пайдо мешаванд. Зиёд арақ мекарда бошед, рўятонро бо гиёҳоби чойкаҳак (як қошуқ гиёҳро дар як истакон оби ҷўшомада дам партофта) шўед.

Шарбатҳои тару тозаи тарбузӣ, ангурӣ, помидорӣ пўстро покиза мекунанду тароват мебахшанд. Истифодаи малҳам дар тобистон ниҳоят муҳим аст. Аксарият андешаи ғалат доранд, ки дар тобистон пўст арақи зиёд мебарораду малҳам сўрохиҳояшро маҳкам мекунад. Дар асл чунин нест. Пўсти беравған арақи бештар ҷудо мекунаду боиси хушкшавии пўст мегардад.

Танҳо бонувоне, ки пўсти равғанин доранд, метавонанд дар тобистон аз истифодаи малҳамҳои ғизобахш худдорӣ намуда, мушкобҳои то 25% спиртдоштаро истифода баранд. Ин маънои онро надорад, ки бонувони пўсташон равғанин дар тобистон бояд аз истифодаи малҳам пурра худдорӣ намоянд. Танҳо аз малҳамҳои сабуки зудҷабидашавандае, ки дар рўй ҷиллояшон намемонад, истифода баред. Чунин ҳам мешавад, ки пўсти рўй бо сабаби нодуруст интихоб намудани малҳам арақи зиёд мекунад, аз ин хотир, дар интихоби малҳам эҳтиёткор бошед. Барои ба хатогиҳо роҳ надодан ин маслиҳатҳои моро ба гўшатон ҳалқа намоед:

1. Малҳамҳои нармкунанда (увлажняющий) дар ҳама фасли сол сабаби арақкунии рўй мешаванд.

2. Ба ҳеҷ ваҷҳ малҳамҳои ғизобахши шабонаро рўзона истифода набаред, зеро ин малҳамҳо дар рўй ба пардачае мубаддал гашта, сўрохиҳои пўстро маҳкам месозанд ва сабаби арақкунии зиёди пўст мешаванд.

3. Дар тобистон беҳтараш малҳамҳои дар асоси об омодашударо молед.

4. Малҳамро бо ҳаракатҳои кафкўбанда, тунук молед, то ки сўрохиҳои пўст маҳкам нашаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД