Arzon march 2024
Роҳҳои ҳали мушкилоти мардуми деҳот
796

“Ҳезум ҷамъ мекунам гуфта миёнро аз кор баровардам“. Чунин шикоятҳоро мо зуд - зуд аз занҳо дар рафти сафарҳоямон ба деҳаҳои дурдаст ё кӯҳсор мешунавем.

Занҳо барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ тобистон аз паси кӯҳу даштҳо ҳезум ҷамъ мекунанд ва дар ин кор кӯмакрасонӣ онҳо кӯдаконанд. Ҳамаи ин ба саломатии занҳо таъсири манфӣ расонида сабаби аз таҳсил дур мондани кӯдакон гаштаистодааст. Чунин кори мушкили хоҷагӣ аз ҳисоби муҳоҷирати мардон ба дӯши занҳо ва кӯдакони онҳо мондааст. Оилаҳое ҳастанд, ки имконияти харидани ҳезумро доранд, аммо қисмати бисёр онҳо ин имкониятро надоранд.

“Умрам дар паси ҳамин кӯҳҳо дар ҳезумчинӣ гузашт”. Ин суханҳоро занҳои солхӯрда мудом такрор мекунанд.

Дар Тоҷикистони офтобӣ ҳалли эҳтимолии мушкилотро дар истифодаи нерӯи офтоб ҳамчун энергия ҳисобидан мумкин аст. Албатта, ин ҷо фикре пайдо мешавад, ки “нархи таҷҳизотҳои офтобӣ "дар осмон аст", дар деҳот имконоти харидорӣ надоранд”. Ин сад дар сад дуруст аст. Аммо бисере аз таҷҳизотҳои офтобӣ сохти содда дошта онро дар шароити хона омода кардан мумкин аст. Мисол: ошхонаи офтобӣ, обгармкунаки офтобӣ, хушкунаки офтобӣ ин руйхат хело калон аст.

Танҳо истифодаи қуввае ки бепул ва беминнат аст, истифода бурда тавонистан ҳам хуб аст. Ҳадди ақал қисман барои кам истифода бурдани сузишворӣ.

"Бисёр вақт шабона заминро обёрӣ мекунам. Маълум ки бе чароғак кори мо буд намешавад. Рӯзона ки бисёр вақт барқро хомӯш мекарданд, наметавонистам қуввваашро пур кунам. Барои санҷиш аз чароғаки офотбӣ истифода бурдам рӯзона дар лаби тиреза мегузорам то бегоҳ қуввааш пур мешавад, шабона бемалол истифода мебарам. Муҳим ки вобаста ба барқ шуда намемонем", - нақл кард аз таҷрибаи худ Раҳимова Шавкатой аз деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД