Arzon march 2024
Роҳи интихобкардаи Нилуфари Сарбоз 
605

Нилуфари Сарбоз - чеҳраи шинохтае, ки дар худ ирода, муҳаббат ба ҳунар ва садоқат ба арзишҳои инсонӣ ва фарҳангиро таҷассум мекунад. Бо вуҷуди он ки ҳанӯз дар оғози ҷодаи сарояндагист, Нилуфар бо қадамҳои устувор ва интихобҳои ҷиддии худ нишон медиҳад, ки ҳунар на танҳо воситаи ифодаи эҳсосот, балки силоҳи мубориза барои адолат, муҳаббат ва инсонгароист.

Дар ин мусоҳиба Нилуфари Сарбозро на чун як ҳунарманди ҷавон, балки ҳамчун як зане мебинем, ки зиндагӣ ва мушкилоти ҷомеаро бо дили кушод ва қалби ҳассос қабул мекунад. Ӯ дар сабти клипе, ки хушунати хонаводагиро ба тасвир меорад, бо иродаи қавӣ ва самимияти хос ба мо нишон медиҳад, ки ҳунар метавонад як паёми қавӣ ба ҷомеа бошад.

Ин суҳбат дар бораи на танҳо ҳунар ва эҷодкорӣ, балки дар бораи зиндагӣ, ҳадаф ва рисолати инсонӣ меравад. Дар саҳифаҳои он, хонандагон на танҳо ҷавобҳои ӯро мешунаванд, балки бо як инсоне шинос мешаванд, ки бо самимият ва меҳрубонӣ аз ҷомеа ва ҳадафҳои зиндагии худ ҳимоят мекунад. Мусоҳибаи мазкур барои ҳар як хонанда илҳом ва сабақе хоҳад буд.

Сафар ба Тошканд ва қадамҳои аввалин 

- Салом, Нилуфар. Нахустсаволе, ки хонандагони нашрияҳои мо зиёд медиҳанд: чаро шуморо Нилуфари Сарбоз мегӯянд?

- Нилуфари Сарбоз ин ному насаби ман аст. Нилуфар номи ман ва Сарбоз номи шарифи падарам мебошад. 

- То ҷойе, ки мо хабар дорем, шумо ба наздикӣ ба Тошканд сафар доштед. Он ҷо барои барномаи консертӣ рафтед?

- Бисёр саволи бомаврид. Ба Тошканд барои ҳамкорӣ бо композиторон сафар кардам. Ман тасмим гирифтам, ки ба ҷодаи сарояндагӣ ворид шавам ва ин қадами аввалин барои ҳамкорӣ бо онҳо буд.

- Аудиторияи Узбекистон шуморо чӣ гуна пазируфт?

- Азбаски ман қадамҳои нахустини худро ба ҷодаи сарояндагӣ мегузорам, ҳанӯз он ҷо шунавандаву тарафдор надорам. Аммо бо студияҳо ва композиторон, ки таҷрибаи баланд доранд ва бо сарояндагони муваффақ ҳамкорӣ мекунанд, ҳамкориро оғоз кардам.

- Дар он ҷо клип сабт кардед?

- Бале, як клипи пурмуҳтавои хеле ҷиддӣ ва таъсиргузор. Мавзӯи он хушунат ва зӯроварӣ нисбати занон дар оила буд.

- Чӣ чиз шуморо водор кард, ки ин мавзӯъро дар клип ба намоиш гузоред?

- Боре як зан ба ман аксҳои даҳшатоваре фиристод, ки дар он панҷаҳои бурида ва хуншор дошт. Нахуст гумон кардам, ки шояд як шӯхӣ бошад, аммо вақте саргузашти ӯро шунидам, дарк кардам, ки ин воқеият аст. Ин лаҳза маро водор кард, ки ҳатман дар бораи хушунат нақш офарам.

Ҳунар ва тасвири дард

- Мо дидем, ки шумо мавриди шиканҷа қарор гирифтед ва хуншор будед. Ин ҳамаро чӣ гуна таҳаммул кардед?

- Бале, ман хуншор будам, бисёр нороҳат шудам. Тақрибан даҳ дақиқа ҳолати рӯҳии ман хеле бад шуд ва зиёд гиря кардам. Он лаҳза ҳатто дар куҷо буданамро фаромӯш кардам, атрофиён маро ором кардан мехостанд. Аммо ашки чашмонам мешориду мешорид. Соате худро дар либоси он занон дидам. Дар он лаҳзаҳо сад аҳсан ба он заноне гуфтам, ки инқадар азобу шиканҷаро таҳаммул мекунанд.

- Ин гиряи актёрӣ буд ё гиряи воқеӣ?

- Не, ин гиряи воқеӣ буд. Дарди ҳамон зане, ки саргузашти худро нақл карда буд, ба ёдам омад. Танҳо ним соат дар нақши ӯ будам, аммо бароям хеле даҳшатовар буд.

- Дар зиндагии худатон ҳамин гуна лаҳзаҳо буданд?

- Саволи ҷолиб. Инро аксар вақт аз ман мепурсанд. Албатта, зиндагии ҳар инсон мушкилиҳои худро дорад. Дар зиндагии ман шояд хушунати психологӣ вуҷуд дошт, аммо хушунати ҷисмонӣ набуд.

- Ба ҳар сурат, насаби шумо имкон намедиҳад, ки бо шумо чунин муносибат кунанд.

- Албатта, ман зан ҳастам ва як сарбози қавӣ! (Ӯ механдад)

Агар хондани суруд гуноҳ аст, рафтори зишти воизон чист?

- Ба фикри шумо, чунин клипҳо то кадом андоза метавонанд ба коҳиш додани хушунат нисбати занон мусоидат кунанд?

- Ҳадафи мо ҳам ин буд, ки хушунат дар оила зери парда намонад. Шояд баъзеҳо инро қабул накунанд, вале ман умедворам, ки клипи мо барои баъзеҳо ибрат мешавад. Ҳамчунин, шояд касеро водор кунад, ки аз рафтори хушунатбор даст кашад.

- Шумо дар шароите фаъолият мекунед, ки баъзе мардони мунофиқ аз пушт танқид мекунанд, аммо дар лаҳзаҳои дилхушӣ аз санъати шумо баҳра мебаранд. Шумо ин шароитро чӣ гуна таҳаммул мекунед?

- Мардуми мо санъатдӯст ва фарҳангианд. Ҳарчанд шахсони бадбин ва дур аз фарҳанг ҳам ҳастанд. Ман ба танқидҳо аҳамияти зиёд намедиҳам. Мақсади ман муҳаббати мардум ва ба онҳо пешниҳод кардани мавзуъҳои муфид аст.

- Манзури ман бештар мардуми хурофотӣ аст, ки бархӯрдашон ба санъаткорон манфист.

- Мутаассифона, ҳастанд онҳое, ки зери номи Ислом пинҳон шуда, мардумозорӣ мекунанд. Аммо ман фикр мекунам, ки ҳар як санъаткор бояд бо кори худ пайғоми тарбиявӣ диҳад. Агар ин нафарон фикр мекунанд, ки хондани суруд гуноҳ аст, пас чаро рафторҳои зишти онҳо дуруст аст?

- Аз замонҳои қадим санъат ҳамеша як ҷузъи ҷомеа будааст. Ба фикри шумо, санъат чӣ гуна метавонад ба одамон таъсир расонад?

- Санъат метавонад тавассути шеъру оҳангҳои дорои паёмҳои тарбиявӣ ба мардум таъсир расонад. Мо бо истифода аз санъати худ метавонем шуур ва фаҳмиши мардумро тағйир диҳем.

- Шумо ба чунин афрод, ки санъатро танқид мекунанд, чӣ паём доред?

- Ман ҳеҷ гоҳ касеро гунаҳкор намекунам, чун танҳо Худо медонад, ки кӣ ҳақ аст. Танҳо хоҳиш мекунам, ки пеш аз он ки як нафарро танқид кунанд, худро ба ҷойи ӯ гузоранд.

Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,

Бар кас маписанд бародари ман!

Гар модари хеш дӯст дорӣ,

Дашном мадеҳ ба модари ман!

- Дар ҷомеае, ки хурофот зиёд аст, санъаткорон чӣ гуна метавонанд аз дастгирӣ бархурдор шаванд?

- Аксари мардум фарқ миёни хубу бадро мефаҳманд. Вақте ки касе бо фикри солим сухан мегӯяд, ҳатто хурофотпарастон ҳам ором мешаванд. Ман шахсан ба онҳо посух намедиҳам, чун навад дар сади мардум ба ҷои ман ҷавоб медиҳанд.

- Шумо ҳамчун ҳунарманд, чӣ тавр метавонед ба шуури ҷомеа таъсир гузоред?

- Танҳо тавассути паёмҳои хуб ва тарбиявӣ. Ҳар шеъру оҳанге, ки мо месароем, бояд маъно ва таъсири мусбат дошта бошад.

- Ба чунин мунофиқон чӣ гуфта метавонед?

- Ман намегӯям, ки онҳо мунофиқанд. Аммо агар касе воқеан аз Худо метарсад, набояд бо суханҳои бад дили касеро ранҷонад. Пеш аз ҳама, ба Худо эътимод бояд кард.

- Шумо бо мардуми хурофотӣ чӣ гуна муносибат мекунед, ки санъатро қабул надоранд?

- Баъзеҳо, ки худро бо номи поки Ислом рӯйпӯш мекунанд, мутаассифона, дарки дурусти Исломро надоранд. Онҳо ҳунармандонро танқид мекунанд, вале ба рафторҳои зишт хомӯш мемонанд. Санъат метавонад тарбият кунад ва мо бояд онро барои беҳбудии ҷомеа истифода барем.

- Шумо ба чунин шахсон чӣ паём доред?

- Ман танҳо мехоҳам бигӯям, ки пеш аз танқид аввал худро санҷанд. Агар инсон воқеан аз Худо метарсад, набояд бо суханҳои бад дили касеро ранҷонад.

- Шумо ҳунарро воситаи тағйироти иҷтимоӣ мешуморед?

- Бале, ҳунар метавонад ба шуури мардум таъсири мусбат расонад. Ҳар суруд, ҳар шеъру ҳар клип бояд паёми тарбиявӣ дошта бошад.

Бозгашт ба дирӯз ва нигоҳ ба фардо

- Агар шумо метавонистед ба гузашта баргардед, чӣ чизро дар зиндагиатон тағйир медодед?

- Ҳеҷ чизро. Ман аз ҳар чизе, ки таҷриба кардам, сипосгузорам. Ин ҳама маро ҳамин гуна сохт, ки ҳастам.

- Шумо як зани муваффақ ҳастед. Барои расидан ба муваффақият чӣ монеаҳоро паси сар кардед?

- Монеаҳо зиёд буданд, хусусан барои як зан. Аммо вақте хоҳиш, ирода ва ҳадаф вуҷуд дорад, ҳеҷ монеа шуморо шикаста наметавонад. Балки шумо онҳоро мешиканед.

- Нилуфар, чӣ гуна як бонуи зебои сухандон, ки қалам ба даст гирифту мехост рӯзноманигор шавад, имрӯз пой ба ҷодаи сарояндагӣ гузоштааст. Шахсан бо шумо мусоҳиба оростани ман ба он хотир аст, ки донам чӣ шуморо ба ин иқдом водор кард?

- Посухи ман шояд маъмулӣ бошад, аммо аз замоне ки мехостам касби худро интихоб кунам, бархе аз аъзои оилаи ман мехостанд, ки духтур шавам. Рӯзноманигор шудан бошад, хоҳиши модарам буд. Он кас орзу доштанд, ки рӯзноманигор шаванд, вале ба сабаби зуд ба шавҳар рафтан ва парвариши фарзанд натавонистанд ба орзуяшон расанд.

Ман ҳамеша дар миёни наздикони худ суруд мехондам. Гарчанде маълумоти хуби мусиқӣ надоштам ва тарзи дурусти хондани сурудро намедонистам, аммо ҷасорат доштам. Наздикони худро ҷамъ мекардам ва бо муҳаббат суруд мехондам. Сурудҳои Аҳмад Зоҳир ва Гугушро бештар иҷро мекардам ва ҳунари ин ду ситораи ҳунарро хеле дӯст медорам.

Инчунин, сурудҳои Нигина Рауповаро низ месароидам. Албатта, дар оғоз дар ҷойҳое кор мекардам, ки иҷозати сарои дан надоштам ва фикр мекардам, ки ман як духтари ҷиддӣ ҳастам ва ба ҷодаи сарояндагӣ қадам гузоштан даҳшатовар аст. Аммо, билохира, ман тасмим гирифтам, ки дили худро гӯш диҳам.

Ман аз онҳое, ки маро гӯш мекунанд, хоҳиш мекунам, сахтгир набошанд. Қадамҳои аввалини ман аст ва шояд таҷрибаи кофӣ надорам, аммо ин орзуи деринаи кӯдакии ман аст. Ҳоло хушбахтам, ки ба орзуи худ мерасам.

Арзишҳои шахсӣ ва издивоҷ

- Назари шумо дар бораи издивоҷи духтарони тоҷик бо мардони хориҷӣ чӣ гуна аст?

- Ман шахсан тарафдори чунин издивоҷ нестам. Фикр мекунам, ки тоҷикон бояд бо ҳамдигар издивоҷ кунанд ва фарҳангу суннатҳои худро ҳифз намоянд.

- Дар як навор нишон медиҳанд, ки шумо аз пешниҳоди як сарватманди хориҷӣ даст кашидед. Сабаби чунин қарори шумо чӣ буд?

- Ман қаблан ҳам гуфта будам ва боз мегӯям: "Дигар дигар асту ҷигар ҷигар аст." Ман наметавонам расму одатҳои дигар миллатҳоро қабул кунам, новобаста аз сарвати онҳо. Ҳамсари ман бояд тоҷик бошад.

- Нилуфар, барои шумо кадом хислатҳои ҳамсари ояндаатон муҳим аст?

- Пеш аз ҳама, ӯ бояд инсон бошад. Ман як шахси некбин, бо виҷдон ва дастгиркунандаро меҷӯям. Ҳеҷ мард наметавонад садди роҳи ҳадафҳои ман шавад.

Овоза ва ҳақиқат

- Дар кӯчаҳо овоза аст, ки шумо иртиботи наздик бо продюсератон Баҳридини Сабур доред. То кадом андоза ин овозаҳо ҳақиқат доранд?

- Ҳақиқат надоранд. Баҳридини Сабур дӯсти деринаи ман аст ва робитаи мо танҳо дар доираи ҳамкорӣ ва муносибатҳои хонаводагист. Пеш аз ҳама, мо дӯстон ва шарикони наздик ҳастем. Ба чунин овозаҳои беасос мардум бовар накунанд.

Ман ба кори худ ва эҷодиёт диққати бештар медиҳам, на ба овозаҳо. Умедворам, ки ҳунар ва меҳнати ман ба мардум ҳикояҳои ҳақиқии зиндагӣ ва паёмҳои мусбат мерасонанд.

Посухе, ки пурсиш дорад

- Нилуфар, дар охир, ба худат як савол деҳ ва ба он посух гӯй.

- Нилуфар, оё бовар дорӣ, ки аз уҳдаи тай кардани ин роҳ мебароӣ?

- Албатта, бовар дорам!

- Шояд шӯхӣ мекунӣ, Нилуфари Сарбоз?

-Дуои хайр гӯед, он гаҳ ҷиддияти шӯхии маро мефаҳмед.

Шариф ҲАМДАМПУР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД