Вақте қариб ҳамаи кишварҳо дар карантини қатъӣ қарор доштанд, дар Беларус фестивали «Бозори Славянский» ташкилу роҳандозӣ шуд. То лаҳзаи охирини баргузории фестивал маълум набуд, ки ҳунармандони рус ба ин чорабинӣ меоянд.
Тавре қаблан нақшагирӣ шуда буд, дар ин чорабинӣ вобаста ба маҳдудиятҳои каратинӣ бояд шумораи ками одамон иштирок мекарданд., ки биёянд. Ниҳоят, дар охири Фестивал ҳодисае сар зад, ки касе интизор надошт. Як гуруҳ ҳунармандони рус ба ин чорабинӣ ташриф оварданд. Дар байни онҳо Филипп Киркоров низ буд ва ин сабаб шуд, ки иштирокдорон то охири Фестивал ва ҳатто чанд соат баъд аз тамом шудани он ҳам дар ҷойи ҷамъоманд боқӣ монанд.
Дар қисмати охири чорабинӣ Филип аз дасти Президенти Беларус Александр Лукашенко ҷоизаи Витебск гирифт. Бояд гуфт, ки имсол дар “Майдони Ситораҳо” ба ифтихори ҳузури Киркоров озмуни ҷоизаи “Ситораи инфиродӣ” гузаронида шуд. Ҷолиби диққат он аст, ки Филипп дар баробари собиқ ҳамсари худ Алла Пугачева барадаи ин озмун шуд..
Баъди анҷоми ҷашн Киркоров бо намояндагони ВАО суҳбат доир кард ва дар бораи чӣ кор карданаш дар карантин гуфт. Зимни саволу ҷавоб ҳунарманд гуфт, ки вай бо зани собиқаш айни ҳол чӣ гуна робита дорад. “Мо тамоман муносибат надорем. Ҳар яке аз мо ҳоло зиндагии худро дорем. Танҳо дар хона ҳам дӯст ҳастем” - гуфт шоҳи поп.
“Аммо ман ба ӯ муҳаббат дорам ва ҳамеша миннатдорӣ карда меистам. Алла медонад, ки агар бо ӯ мушкилие ба амал ояд, ман ҳамеша кӯмакаш мекунам. Ман яке аз обуначиёни фаъоли ӯ дар шабакаи Instagram мебошам".