Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳоҷибоев Маъруфҷон Юсуфҷонович ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хизматрасонии тиббӣ, ҳоли беморон ва шароити фароҳамгардидаи муолиҷавию хизматрасонӣ барои онҳо, аз Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен боздид ба амал оварданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни боздид риояи талаботи санитарию гигиенӣ, ҳолати нигоҳдории беморон, таъминоти муассиса бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ, инчунин сатҳи омодагии кормандони тиб мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шудааст.
Дар идома ҳайати роҳбарият аз рафти сохтмони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Спитамен дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сифати иҷро ва риояи муҳлатҳои муқарраршуда шинос гардидаанд. Таъкид шудааст, ки ба истифода супоридани ин иншоот ба таҳкими назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва беҳтар гардидани сатҳи ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.