Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” ва собиқ муовини гурӯҳи “Авангард” бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, сокини 24-солаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Додихудо Шарифзода аз моҳи ноябри соли 2024 инҷониб бо як духтари ҳанӯз шонздаҳсола нашуда алоқаи ҷинсӣ доштааст. Манбаъ мегӯяд, номбурда нисбати 3 нафар ноболиғ ва занони дигар низ ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст.
Бар зидди Шарифзода бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” бо моддаи 141-и КҶ ҶТ парванда оғоз шудааст.
Айни замин Додихудо Шарифзода дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар сурати исботи айби эълоншуда ба ӯ тибқи ин банди қонун аз 2 то 5 соли зиндон ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таҳдид менамояд.
Додихудо Шарифзода роҳбари “Маркази рушди зеҳнӣ” буд. Ин созмон солҳои охир озмуни “100 чеҳраи муваффақ”-ро баргузор намуда, ба мансабдорон, варзишгарон, блогерон, рӯзноманигорон ва дигар чеҳраҳои шинохта ҷоиза медод.