Хосияти Зарафшонӣ яке аз сарояндаҳои маҳбуби тоҷик аст, ки сабки сурудхонии худро дорад. Ин ҳунарманд дирӯз 63-сола шуд. Ба ин муносибат мухбири Oila.tj бо ӯ тамос гирифта, табрикаш карду роҷеъ ба рӯзгори имрӯзаш пурсид.
Мавсуф гуфт, соли 2020 бо далели расидан ба синнии ниҳоии нафақа аз роҳбарии ансамбли занони дуторнавоз – “Чаман”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев рафту ҳоло ба касби аз хурдӣ писандидааш машғул аст.
“Баъди аз ансамбл аз кор рафтан, танҳо як рӯз дар як мактаб аз фанни суруд ва мусиқӣ дарс мегӯям. Дигар рӯзҳои худро бо набераву аҳли оилаам сипорӣ мекунам. Пештар дар Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳам дарс мегуфтам, аммо имсол бо сабаби норасоии донишҷӯ нарафтам”, - гуфт ҳунарманд.
Сарояндаи гуфт, духтараш Хуршеда нахуст ӯро бо зодрӯзаш табрик гуфт. Милодро рӯзона бо дӯстону ҳамкорон ва шаб дар доираи аҳли оила ҷашн гирифт.
Ӯ ваъда дод, ки барои мухлисонаш соли оянда консерти пурраи худро бо сурудҳои тару тозааш пешкаш мекунад.
Бояд гуфт, ки Хосияти Зарафшонӣ (Ортиқова) аз ҷумлаи онҳоест, ки бо дуои падар ба ҷодаи пурмашаққати санъат ворид шуд ва ин масирро сахт тай кард. Ӯ дар як мусоҳибааш ба ёд овардааст, ки вақте падараш ӯро ба имтиҳони қабули Донишкадаи санъат оварданд, ҳамаи устодон тамошо баромаданд. Бархе мегуфтанд, ки бори аввал дидаанд, ки падар аз дасти духтараш гирифта, ба Донишкадаи санъат ояд.
Ҷойи дигар гуфтааст, ки аз кӯдакӣ дар дил нияти муаллима шуданро мепарварид, аммо ҳамчун ҳаваскор дар кружоку чорабиниҳо баромад мекард ва ин боис ба санъаткориаш шуд.
Санъатро интихоб карда, аз баҳри шавҳар баромад, зеро вақте донишкадаро хатм мекард, ба хостгориаш омада, ваъда карданд, ки дар сурати ба фарзандашон хонадор шуданаш, монеи ба саҳна баромаданаш намешаванд, аммо дере нагузашта хусураш гуфт, дигар ба саҳна набарояд. Аммо, ӯ инро қабул накарду як сол ҳам зиндагӣ накарда, аз шавҳараш ҷудо шуд. Сипас, дигарбора шавҳар кард ва ҳоло соҳиби се фарзанду набера аст.
Ҳунармандро ба консертҳои давлатӣ солҳо боз даъват намекунанд ва ба қавли худаш, пирии онҳо барояшон баҳона аст.
“Онҳо намефаҳманд, ки мо дар ҷавонӣ азоб кашида, омӯхта нав санъати асилро дарк кардем ва бояд дар ҳамин синну сол санъати асилро тарғиб кунем ва мусиқии асил офарем”, - гуфта буд ӯ боре.
Ӯ имрӯз ҳам оҳанг меофараду ҳам трона. 60 сурудашро соли 2000-ум ба нота дароварда, таҳти унвони «Аз ман умри дубора хоҳад монд» нашр карда буд.
Як нуктаи дигари ҷолиб аз рӯзгораш он аст, ки ӯ дар даврони мактабхонӣ трактор меронд ва шаҳодатномаи тракторчигӣ дорад. Соли 1983 ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта, аз ҳамон сол мошин меронад.
Ёдовар мешавем, ки Хосияти Зарафшонӣ 10 октябри соли 1960 дар деҳаи Гузари Боди ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1978 пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи мусиқӣ-омӯзгории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қабул шуд.
Бо сарпарастии устодон Карим Ҳалимов, Аслиддин Низомов ва дигар устодони донишкада аз таълими мусиқии ҳирфавӣ воқиф шуда, инчунин, аз мактаби шашмақомхонии Барно Исҳоқова баҳраманд гардидааст. Баъд аз хатм соли 1982 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд ва то соли 2020 он ҷо буд.
Дар давоми ин солҳо ӯ бештар аз 200 суруд эҷод кардааст. Номбурда аз соли 1986 то соли 2015 ҳамчун роҳбари ансамбли “Ҷавонӣ”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва баъдан аз соли 2017 то 2020 роҳбари ансамбли “Бонувони рубобнавоз”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то 2023 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият дошт.
Ба давлатҳои Афғонистон, Австрия, Олмон, Ироқ, Исроил, Яман, Кореяи шимолӣ, Исландия ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
Заҳмату истеъдоди нотакрори Хосият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (с.1991), Ордени “Шараф” (с.1999), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006 с.) қадрдонӣ шудааст.