Абдумумин, бо вуҷуди ҳамагӣ 19 сол доштан, сарусто аст. Ӯ бо тими панҷнафараи худ мизу курсӣ, тахтаи синф ва рафҳои китоб сохта, муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахшро таъмин мекунад.
Ин ҷавони ҳунармандро мо пайи сохтани курсиҳои нав дарёфтем. Кораш дақиқу нозук анҷом медод, то курсиҳо аз камбуд орӣ бошанду либоси мактаббачаҳоро надаронанд.
“Устоиро дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Тоҷикобод омӯхтам. Маошам хуб аст, 4-5 ҳазор сомонӣ. Кӯшиш мекунам мизу курсӣ ва дигар воситаҳои барои мактаб истеҳсол кардаам босифат ва нархи паст бошад. Баъзан, мебелҳои шикастаро ройгон низ таъмир мекунам” - гуфт ӯ бо ифтихор.
Бо Абдумумин Ғафурзода дар доираи сафари Корвони журналистон ба минтақаи Рашт, ки бо иқдоми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва астгирии Ҳукумати кишвар сурат гириф, сӯҳбати сарироҳӣ доштем.