Sebiston new 2024 october
Решаҳои сунъии дандонро чӣ тавр ба ҷоғ мепайванданд?
658

Имплантатсияи дандонпизишкӣ яке аз роҳи муосир ва самараноки барқарор кардани дандонҳо бо истифода аз решаҳои сунъӣ, ки дар устухони ҷоғ насб карда мешаванд, мебошад. То имрӯз дар ҷаҳон миллионҳо нафар аз ин навъи хизматрасонии тиббии стомотологӣ истифода намудаанд ва тоҷикони мо низ истисно нестанд.

То гузоштани имплант чӣ кор анҷом дода мешавад?

Имплат барои организи инсон ҷисми нав ва бегона аст. Барои он ки дар оянда дар саломатии шахс ягон мушкилӣ пеш наояд, қабл аз имплантатсия духтуратон муоинаи ҳамаҷониба гузаронида, раванди инплантатсияро ба нақша мегиранд.

Баъд аз гузаштани тамоми муоинаҳои лозимӣ ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имплант дар ҳолати беҳушкунии мавзеӣ дар устухони ҷоғ ҷойгир карда шуда, то пайваст шудани имплант бо устухон чанд моҳ бояд интизор шуд. Одат кардани организм ба имплант албатта вақти муайянро талаб мекунад, бинобар ин, набояд кас аз ҳиссиёти дард ва нороҳатиҳои моҳҳои аввал безобита шавад. Пас аз гузаштани ин марҳила, ба имплант дандон насб карда мешавад.

Имплантҳо чӣ қадар дар даҳон меистанд?

Ҳар як нафаре, ки аз ин навъи хизматрасонии тиббӣ истиофда мебарад, бояд донад, ки давомнокии имплант аз худи ӯ вобастагии зиёд дорад. Табибон мегӯянд, бо нигоҳубини дуруст имплант, яъне дандонҳои сунъӣ метавонанд як умр хизмат кунанд.

Имплантатсия мисли дандонҳои табиӣ ба назар мерасад. Дандонҳои сунъӣ бар хилофи дандонҳои ҷудошаванда ҳисси нороҳатиро ба вуҷуд намеоранд.

Ҳадафи имплантатсия

Вазифаи асоссии имплантатсия ин муҳофизати устухони ҷоғ мебошад. Ин амалиёт вайрон ё нобудшавии бофтаи устухонро пешгирӣ мекунад.

Ин буд маълумоти кӯтоҳ дар бораи инплантатсия. Агар шумо ба маълумоти муфассал ниёз дошта бошед, ба духтурони стомотолог ё марказҳои стомотологӣ муроҷиат муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД