Arzon march 2024
“Решаи тиллоӣ” хотираро мустаҳкам месозад?
788


Салом! Фариза ҳастам, сокини шаҳри Хуҷанд. Вақтҳои охир хотираам заиф гашта, чизҳои чанд лаҳза пеш дар чое гузоштаамро фаромӯш мекунам.

Сарам ҳамеша дард мекунад. Табибон мегӯянд, ки сабаби беҳолию бемадорӣ ва фаромӯшхотириам дар паст будани фишори хунам аст. Бо воситаи “Оила” аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев пурсиданиям, ки оё фаромӯшхотириро бо воситаи гиёҳҳо табобат кардан ммкин аст ё не?
Фариза, аз ш. Хуҷанд.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ

Албатта мешавад, хоҳари азиз! Барои он ки хотираатон қавӣ гардад, пеш аз ҳама ҳолати умумии шуморо беҳтар кардан лозим аст, то ки фишори хунатон мӯътадил гашта, майна ва дигар узвҳоятон нағз кор кунанд. Аз ҳамин хотир, ман ба шумо чанд давои халқиро тавсия медиҳам, ки ба баланд гаштани фишори хун мусоидат ва мустаҳкам шудани хотира мусоидат менамоянд.

Давои алафӣ барои баланд шудани фишори хун
Гиёҳе ҳаст бо номи зағоса, ки онро бештар бо номи русии эфедра мешиносанд. Ин гиёҳ барои касоне, ки фишори хунашон тез-тез паст мешавад, беҳтарин даво аст. Як қошуқи ин гиёҳро майда карда, дар зарфе андозед ва аз болояш тахминан 200-250 грамм оби ҷӯшидагӣ рехта, боз камтри дигар онро ҷӯшонед. Ҳар рӯз 3-4 маротиба аз ин гиёҳоби шифобахш 2 қошуқӣ нӯшидан гиред, фишори хунатонро муътадил мегардонад.

Мӯъҷизаи “Решаи тиллоӣ”

Гиёҳе ҳаст бо номи “Решаи тиллоӣ”. Ин гиёҳ дар ҳақиқат ба номаш арзанда аст, чунки ба чандин дардҳо, аз ҷумла фишори пасти хун ва хотираи заиф давост. Решаи зарбеҳ, яъне ҳамон “решаи тиллоӣ” ё золотой коренро майда карда, як қошуқашро дар зарфе андозед ва аз болояш ним литр оби ҷӯшидагӣ рехта, боз 5 дақиқаи дигар ҷӯшонед ва оташро хомӯш карда, монед тахминан 1 соат истад. Ин даворо дар як рӯз 3 маротиба ним пиёлагӣ нӯшидан гиред, ҳам фишори хунатон мӯътадил мегардад ва ҳам хотираатон барқарор мешавад.
Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД