goodwell
Рэпсаро NAVAI бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд
15.10.2026
Oila.tj
68

Овозхони маъруф NAVAI дар марзи Қазоқистон бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст. Дар ин бора пулиси вилояти Ҷамбул хабар додааст.

Ба иттилои мақомот, рӯзи 13-уми октябр кормандони пулис ва марзбонон ҳангоми санҷиши мошине, ки овозхон дар он қарор дошт, дар яке аз нуқтаҳои гузаргоҳ маводи мухаддир пайдо кардаанд. Вобаста ба ин ҳодиса бо гумони қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. NAVAI ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Қарор буд овозхон имрӯз дар шаҳри Остона консерт баргузор кунад, аммо чорабинӣ лағв ё ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

То ҳол ҷузъиёти бештари ҳодиса ва мавқеи расмии худи овозхон ё намояндагони ӯ дар ин бора маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД