Давлатзода дар душанбе вазифаи нав гирифт
Сайфиддин Давлатзода, ректори пешини Донишгоҳи Бохтар раиси Коммисияи олии аттестатсионӣ (ВАК)-и мамлакат таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Розиқзода Абдулҳаким Шералиро иваз кард. Мақоми нави Розиқзода, ки қаблан ректори Академияи идоракунии давлатӣ буд, маълум нест.
Тавре ки қаблан як манбаъ ба Oila.tj хабар дод, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ки раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон буд, ба ҷойи Давлатзода ректори Донишгоҳи Бохтар удааст. Ӯро Раҳим Саидзода ба устодону донишҷӯён муаррифӣ кард.