1xbet
«Регар-ТадАз» бо «Аҳал»-и Туркманистон бозӣ мекунад
12.06.2025
Oila.tj
72

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар марҳилаи интихобии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бо дастаи “Аҳал”-и Туркманистон бозӣ хоҳад кард. Бозии ин ду даста дар нимаи дуюми моҳи август дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бар асоси низомномаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дастае, ки дар ин бозӣ пирўз мешавад, ба марҳилаи гурўҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё дар мавсими 2025/26 роҳ меёбад. Дар сурати нокомӣ, яъне мағлуб шудан дар ин бозии интихобӣ, дастаи “Регар-ТадАЗ” аз ҳақи иштирок дар Лигаи чемпионҳои дуюм маҳрум мешавад, аммо мустақиман ба марҳилаи гурўҳии Ҷоми даъвати КФО (AFC Challenge League) мегузарад.

Чанде пеш AFC рўйхати бошгоҳҳоеро нашр кард, ки барои ширкат дар мусобиқоти бошгоҳҳои қитъавӣ барои мавсими 2025-26 муҷаввиз гирифтаанд. Дар миёни дастаҳои пазируфташуда ду намояндаи Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода низ ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД