1 ноябр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи 32-юми Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешавад. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб байни ҳам рақобат менамоянд.
Дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб то имрӯз дар финал бо ҳам вонахӯрда буданд. Қаблан футболбозони «Истиқлол» 13 маротиба ба финал баромада, 9 бор ҷомро ба даст овардаанд.
Қаблан дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб (соли 2003 дастаи «Олимп-Ансол» ном дошт) се маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, ду бор – солҳои 1994 ва 2020 соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.