Arzon march 2024
«Равшан»-и Тоҷикистон бо «Алтин Асир»-и Туркманистон бозӣ мекунад
255

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз бозӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои футболи «Равшан» ва «Алтин Асир» ҷаласа доир шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ шуд. «Равшан» бо либоси сурх ва футболбозони «Алтин Асир» бо либоси кабуд ба майдон мебароянд.

Пас аз ҷаласа нишасти матбуотӣ доир гашт, ки дар он сармураббии «Равшан» Тоҳирҷон Муъминов, капитани даста Холмурод Назаров ва аз ҷониби «Алтин Асир» сармураббӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев ва ҳимоятгар Сердар Аннаоразов иштирок намуданд. Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон ҳарду мураббӣ таъкид намуданд, ки дастаҳояшон танҳо барои ғалаба мубориза хоҳанд бурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД