Formula july 2024
Равғани бодом давои дарди гӯш, даҳондард ва хун туф кардан аст?
642

Салом! Кӯдаконам тез-тез гӯшдард мешаванд. Як дугонаам ба ман маслиҳат дод, ки ба гӯшашон равғани бодом чаконам. Донистан мехоҳам, ки дар ҳақиқат ин равған ба дарди гӯш фоида дорад ё не?

ГУЛИСТОН, аз ноҳияи Шаҳринав

Посух:

- Дар ҳақиқат равғани бодом ба чандин дардҳо даво аст. Падари илми тиби Шарқ - Абӯалӣ ибни Сино равғани бодомро барои табобати садопардаҳо ва дарди гӯшҳо тавсия додааст.

Сино дар китоби «Алвоҳия» хусусияти шифоии бодомро шарҳ дода, навиштааст, ки «равғани мағзи бодоми талх дар илоҷи ғуввосу виҷҷосзании гӯш муфид аст. Бодом барои табобати дарди фосидшавии бинӣ низ хуб мебошад».

Олими дигари хеле машҳур - Абӯмансури Муваффақ дар бораи хусусиятҳои табобатии бодом чунин навиштааст: «Бодоми талхро бо чарбуи буз бикӯбанд ва онро ба дандон монанд, ҳар дарде, ки бошад, шифо ёбад. Ҷӯшобаи бодоми талх барои дарди даҳон нек бошад ва мастро ҳушёр кунад».

Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ фармудааст: “Бодоми шириндона узвҳои даруниро тоза карда, майнаи сарро мустаҳкам менамояд. Агар онро бо набот истеъмол намоянд, биниши чашмонро хуб, организмро мулоим менамояд. Агар онро бо қанд истеъмол намоянд, ба диққи нафас, илтиҳоби пардаи болои шуш, захми рӯдаю масона ва хун туф кардан фоида дорад”.

Дар тиби мардумӣ равғани бодом ҳамчун доруи оромибахш, зидди илтиҳоб, дардбанд ва балғамрон низ хеле машҳур аст. Бодомро барои муназзамсозии кори узвҳои ҳозима (меъда ва рӯда) ва муолиҷаи дарди гӯшу cap низ истифода мебаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД