Дар шаҳри Самарқанди ҷумҳурии ҳамсояамон Узбекистон рӯзи 6-уми октябр намоиши асарҳои бадеии як гурӯҳ рассомони Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Симо ва ранг» баргузор хоҳад гашт.
Тавре ки раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова дар сӯҳбат ба журналистон гуфтааст, намоиши асарҳои рассомони ду кишвари бо ҳам дӯст ва ҳамсоя бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи эҷодии рассомони Узбекистон баргузор гашта, дар он асарҳои рассомони тоҷик Илёс Мамадҷонов, Далер Миҳтоҷев, Баҳром Исматов ва аз ҷониби Узбекистон Нуриддин Исоев ва Аҳмад Исоев ба намоиш гузошта мешаванд.
Намоиши асарҳои рассомон таҳти унвони “Симо ва ранг” дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳурии дӯсту бародар баргузор мегардад. Дар ин бора “Ховар” хабар медиҳад.