Arzon march 2024
Рашки хоҳаршӯй Шукрияро бе бача кард, вале... (Қисми 2)
3184


Бо шиками дамида ба болои бом баромадан кори осон набуд, аз ҳамин хотир узрхоҳона гуфтам:
-Апаҷон, ҳозир Меҳваршоҳ аз кӯча меоянд ва худашн алаф фароварда ба гӯсфандон медиҳанд
Қайсингилам бо ғазаб аз дастам гирифта маро ба назди нардбон бурд ва бо ситеза дод зад:
-Ин ҷо хонаи очат нест, ки фақат хурда хоб равӣ, фаҳмидӣ! Тез баро!
Ман маҷбур шудам, ки бароям, вале ҳангоми аз нардбон фаромадан поям лағжиду ба замин афтидам ва беҳуш шудам.
Ҳамин вақт шавҳарам аз дар медарояд ва маро дар рӯи замин бе ҳушу бе ёд дида, зуд ба беморхона мебаранд, вале..

Хабари тақдирсӯз


Хунам зиёд рафта табибон маҷбур мешаванд, ки маро фаворан ҷарроҳӣ намоянд. Пас аз ҷарроҳӣ онҳо ба шавҳарам мегӯянд, ки вақти афтидан кӯдак дар батни ҳамсаратон мурда, бачадонаш низ кафидааст ва дигар соҳиби фарзанд шуда наметавонад.
Ҳамин тавр писарчаи ормонии ман бо айби амааш ҳанӯз ба дунё наомада бо ин олами бевафо падруд гуфтааст ва мани бе ҳушу бе ёд ҳатто ҷисми бе ҷони ӯро дида натавонистам. Вақте ки ба ҳуш омадам, бачаамро кайҳо гӯру чӯб карда буданд ва тифлаки нокоми ман алакай дар зери хоки сард мехобид.
Баъди ба ҳуш омаданам ҳамаи ин хабарҳоро шунида талху пуралам гиристам. Дунё дар назарам тираву тор гашта, зиндагӣ бароям дигар ягон маъно надошт, чунки фарзанд ягона меваи умри одамизод аст...

Ношод бояд зистан...


Баъди як ҳафта аз бемористон ҷавоб шуда ба деҳа баргаштам. Акнун дар забони тамоми аҳли деҳа фақат гапи ман буд. Ростӣ, аз дарду алам чанд бор хостам аз хона баромада равам, аммо ҳамсарам монеъ гашт. Беҳуда намегӯянд, ки сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад, мани бе бача ва сияҳрӯз низ ба тақдири талхам тан дода, зиндагии бамаънӣ ва бе рангу бӯйи худро дар ин хона идома медодам. Хоҳаршӯям дигар ба ман тамман кордор намешуд. Аз рафтору кирдраш ҳисмекардам, ки аз кори кардааш сахт пушаймон аст ва дар фоҷиаи ба сарам омада, худро гунаҳкор дониста дарун ба дарун месӯзад, вале сир бой намедод...

Асои худо садо надорад...

Ҳамин тавр аз байн ду сол гуашт. Як рӯз вақти ҳавлирӯбӣ ногаҳ чашмам ба писарчаи сесолаи хоҳаршӯям афтод, ки ба болои бом баромада буд. Модараш, ки ҷомашӯи мекард, зуд ба ӯ хабар додам, ки кӯдакаш дар болои бом аст ва ҳамин замон ё замони дигар афтоданаш имкон дорад. Вай саросемавор аз ҷояш ҷасту хесту ба сӯи нардбон давид. Намедонам, ки хоҳаршӯям аз тарс саросема шуд ва ё тақдираш аз азал чунин будааст, ки пояш лағжида ба замин афтод. Ману шавҳарам бо дидани ин манзара ба таҳлука афтода, осемасар сӯяш давидем, вале аллакай кор аз кор гузашта, панҷшоха ба шиками хҳаршӯям халида буд ва хуни гарм мисли фаввора аз танаш мешорид. Хостем ӯро ба беморхона барем, аммо хоҳаршӯйи сарсахтам базӯр зери лаб пичирросзанон ”Шукрия, маро бубахш, ки туро бе бача ва як умр бадбахт кардам. Сабабгори мурда ба дунё омадани фарзандад мани беандешаам, ҳамон рӯз туро маҷбур болои бом намебаровардам, шояд ҳоло писарчаат роҳгардонудавдавон ва боз соҳиби фарзанд мешудӣ. Худованд маро барои ин корам ҷазо дод. Илтимос фарзанди маро ба фарзандӣ қабул кун, то ки бе модар буданашро ҳис нкунад” гуфту дар рӯйи дастонам ҷон дод...

Азизтар аз ҷон


Ҳамин тавр баъди марги хоҳаршӯям мани аз лаззати модарӣ маҳрум гашта, фарзанди ӯро фарзанд хонда, худро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекардагӣ шудам, аммо тарси он ки рӯзе ин бача калон шуда, ҳақиқатро мефаҳмад, мудом айши ману шавҳарамро талх мекард.
Билохира, ҳарду ба хулосае омадем, ки бояд макони зисти худро дигар кунем, то касе моро нашиносаду надонад, ки ин кӯдак фарзанди худи мо нест. Бо ҳамин мақсад хонаамонро фурӯхта, баъди гузаронидани маъракаҳои мотамиихоҳаршӯям роҳи мулки русро пеш гирифтем.
Сирри 20- сола


Инак, муддати 18-19 сол мешавад, ки мо дар Русия зиндагӣ дорем. Писарамон 20-сола шудааст ва моро падару модар мегӯяд. Барои мо ӯ қимматтарин ганҷи олам аст, вале то кунун падару модари аслиаш набуданамонро намедонад. Писарам ягон бор Тоҷикистон нарафтааст ва ҳамеша мегӯяд, ки мехоҳам ба назди тағо ва бобову бибиам равам, вале аз тарси он ки мабодо ҳақиқатро фаҳмида аз мо тамоман дилсард шуда баромада наравад, бо ҳар баҳона ин корро ба қафо мепартоем. Рӯзҳои охир писарам ду пояшро ба як мӯза андхта мегӯяд, ки агар шумо ба Тоҷикистон рафтан нахоҳед, ман худам чиптаи ҳавопаймо харида ба Ватанам парвоз мекунам ва бобову бибии пирамро дида, баъд ягон моҳ пас бармегардам. Ҳайрон мондаем, ки чи кор кунем. Аввалаш ин ки бобову бибиаш, яъне волидони шавҳарам кайҳо аз олам гузаштаанд, баъдан даҳони мардумро баста намешавад, агар писарамон ба Тоҷикисон рафта ҳақиқатро фаҳмаду аз мо рӯй гарднад, н гоҳ чи хел зиндагӣ мекунем?
Илтимос, ягон маслиҳати судманд диҳед, писарамнро ба Тоҷикистон барем ё не?
Шукрия аз Русия
Таснифи Усмонзода Меҳроншоҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД