arzon replenishment
РАШКИ ДУГОНА
31.03.2021
ОИЛА
5036

 Ману Фаришта як мактабро хатм карда, ҳарду ба як донишгоҳ дохил шудем ва дар як гурӯҳ мехондем. Дугонаам духтари қоматбаланди зебое буд ва дониши хуб ҳам дошт.

Қариб нисфи ҷавонони донишгоҳ ошиқи рӯйи мисли барф сафеду абрӯвони пайвасти қаламии Фаришта буданд ва аз пасаш соя барин мегаштанд. Ман, ки духтараки назарногире будам, пинҳонӣ ба дугонаам ҳасад мебурдам. Соли дуюми таҳсиламон як ҷавони сарватманд, ки дар факултаи ҳуқуқ мехонд, ба Фаришта изҳори муҳаббат намуд ва дугонаам ишқи ӯро қабул кард. Онҳо самимона якдигарро дӯст медоштанд ва ишқашон поку бе олош буд. Рӯзе хушдораш бо гулдастаи калоне ба назди дугонаам омада Фариштаро ба тарабхона даъват намуд. Оташи рашк дар дили ман аланга зад ва хостам монеи рафтанаш гардам. Ба Фаришта гуфтам, ки дигар ҳамроҳи ин ҷавон ба тарабхонаю боғу бӯстон наравад, Худо накарда ягон ҳамдеҳаамон ӯро бубинад, ин гап овоза шуда, обрӯйи ҳардуямон мерезад, вале ӯ ба ман аҳамият надода, ба мошин нишасту рафт.

Рафтори нописандонаи дугонаам як алами маро сад алам кард ва дар ҳоле, ки дастонам аз шиддати рашку алам меларзиданд, ба модараш занг зада ҳамаашро як ба як гуфтам. Модари Фаришта ба ғазаб омада, дашному дуокунон таъкид намуд, ки худи ҳозир бародаронаш ба сараш рафта, ӯро гирифт меоранд ва дигар ҳеҷ гоҳ Фаришта рӯйи шаҳрро намебинад. Телефонро хомӯш карда худро ба рӯйи кати хобам партофтам. Бегох Фаришта бо қошу қавоқи овезон аз дар даромад ва бо ман ягон даҳон гап назада, ба ҷамъ кардани чизу чорааш сар кард. Аз чашмони варамидааш маълум буд, ки модараш ба ӯ занг зада, хуб гӯштоб кардааст. Ҳамин тавр худи ҳамон шом бародаронаш ба сари Фаришта омаданд ва дугонаамро ба деҳа бурданд. Фариштаи нозанин бо айби ман ҳам аз донишгоҳ маҳрум гашт ва ҳам аз ошиқаш, ки ҷавони бомаърифат ва ояндадор буда, нияти бо вай хонадор шудан дошт.

Риштаи дӯстии моро ин ҳодиса батамом канда кард. Дертар аз забони дигарон шунидам, ки дугонаамро маҷбуран ба писари холааш, ки як бачаи бесавод ва беҳунару бе кору авбош аст, ба шавҳар додаанд. Мегӯянд, ки Фаришта дар хонаи шавҳараш ҳоли зоре дорад. Писархолаи бангиаш мудом ӯро таъна мекардааст, ки ту дар шаҳр бачабозӣ карда мегаштӣ, барои ҳамин падару модарат аз тарси шармандагӣ туро маҷбуран ба ман доданд, то ки обрӯяшон нарезад.

Рости ин гапҳоро шунида дарун ба дарун хун мехӯрам, чунки сабаби ин ҳама бадбахтиҳои Фаришта ман ҳастам. Мани аблаҳ, агар ҳамон вақт биниамро ба зиндагии ӯ халонда ба модараш занг намезадам, шояд дугонаам ба ҳамон ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар мебаромад ва соҳиби маълумоти олӣ шуда, имрӯз шоҳона зиндагӣ мекард.

Фариштаҷон, агар чашмат ба навиштаҳои мани нодон афтад, илтимос, маро бубахш! Бубахш, ки ҳаёти туро сӯхтам, дугонаҷон!”

Мадина аз Вахш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД