Банда боре шоҳиди ҳодисаи хеле аҷибе гаштам. Як кампираки ҳамсояамон дар кӯча бо мӯйсафеде, ки ҳамсинфаш будааст, рӯ ба рӯ шуда, салом дод ва аз роҳаш бозистода, аҳволпурсӣ кард.
Пас аз он ки ҳамсинфи солхӯрдаи кампир аз назди онҳо дур шуд, шавҳараш “ту барои чӣ бо вай пурсупос карди" гӯён, ҷанҷол бардошт ва кам монда буд, ки кампираки бечораро зери мушту лагад бигирад. Ҳамсари солхӯрдаашро ба марди дигар рашк кардани мӯйсафеди ҳамсоя хандаи маро оварда бошад ҳам, баъдан ба гирдоби андешаҳо ғӯттавар гаштам, ки чаро одамон шахсони наздикашнро ба бегонаҳо рашк бурда, ҷангу ҷанҷол мебардоранд?
Рашки мард: номус ё худхоҳӣ?
Албатта занҳо ҳам рашк доранд, вале рашк дар вуҷуди мардон бештар ба мушоҳида мерасад. Бародар хоҳарашро ба бачаҳои ҳамсоя рашк карда, ҳар як қадами ӯро зери назорат мегирад, падар аз сари рашк ба духтараш иҷозат намедиҳад, ки аз хона барояд, ҳатто писарон ба модари худ рашк карда, ин либосро напӯшед, он либосро напӯшед мегӯянд, вале аз ҳама рашки сахттарин ин рашк мард нисбат ба занаш аст.
Мардон духтар, хоҳар, модар, ҳамсар ва дар маҷмӯъ занони наздикашонро мояи нангу номуси хеш медонанд ва бо нишон додани рашки худ, натанҳо занон, балки нангу номуси худро низ аз бегонагон дифоъ кардан мехоҳанд. Рашки мард як нав нишонаи худхоҳӣ ва худпарастӣ низ ҳаст. Бо нишон додани рашкаш мард таъкид кардан мехоҳад, ки модари ман, хоҳари ман, ҳамсари ман ин мояи нангу номуси ман аст ва касе ҳақ надорад, ки ба “моли ман” ва ба нангу номуси ман чашм ало кунад, аммо...
Намаки ишқ, агар зиёд шавад...
Рашкро намаки ишқ мегӯянд. Оё дар асл рашк бурдани мард нишонаи дӯст доштан аст ё баръакс теша бар решаи бахт? Барои псух гирифтан ба ин савол мо назари чанд нафарро пурсон шудем.
Як ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номашро ошкор созем, гуфт:
-Рашки бародар ё додар нисбат ба хоҳар ё рашки фарзанд ба модар ба назари ман на аз дӯстдорӣ, балки нишонаи нобоварӣ ва як навъ кӯшиши маҳдуд кардани озодии занону духтарон мебошад. Аз тарси он ки мабодо хоҳар, модар ё ҳамсарашон бо каси дигар робата барқарор намуда, нангу номуси онҳоро доғдор насозад, мардҳо бо баҳонаи рашк кардан аз худхоҳӣ озодии занони наздикашонро маҳдуд месозанд. Ба назари ман махсусан рашки аз ҳад зиёди мардон, махсусан ҷавонмардоне, ки нав ба зиндагии мустақилона қадам гузоштаанд, хавфнок аст, чунки баъзан мардҳо аз ҳад гузаронида, гӯё аз рашк ҳамсари ҷавону зебояшонро дашномуҳақорат медиҳанд, таҳқир мекунанд ва ҳатто зери мушту лагад мегиранд. Ин аллакай на нишонаи дӯстдорӣ, балки хушунату зӯроварӣ нисбат ба зан буда, метавонад боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш аз қабили хушсӯзию худкушӣ ё пош хӯрдани оила гардад. Аз ҳамин хотир ман ба мардон маслиҳат медиҳам, ки рашки худро лаҷом зананд ва аз ҳад нагузаронанд.
Ғаффор, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд:
-Ба назари ман рашк ҳам эҳсоси мусбат ва ҳам манфӣ аст. Аз он ҷиҳат рашкро эҳсосоти мусбат мешуморам, ки он то кадом андоза барои ҳамдигар арзишманд будани зану шавҳар ва то кадом ҳад якдигарро дӯст доштани онҳоро нишон медиҳад. Рашк дар он ҳолат манфӣ арзёбӣ мегардад, ки дар натиҷаи вайрон кардани "меъёри рашк" дар муносибатҳои оилавӣ ихтилофоти зиёде ба миён омада, боиси ҷангу ҷанҷл ва ҳатто вайрон шудани оила гашта метавонад.
Ситораи Рустам, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд:
-Рашк метавонад меҳру муҳаббатро байни зану шавҳар афзояд, вале дар баробари ин қодир аст, ки эътимодро аз байн барад. Дар як соли оиладорӣ ман борҳо бо рашки шавҳар рӯ ба рӯ гаштам ва ҳолатҳое низ буданд, ки худам бо рашкҳои беасос боиси сар задани нофаҳмӣ ё низоъ дар оила гаштам. Аз ҳамин хотир тавсия медиҳам, ки оилаҳои ҷавон ҷойи рашки беасос ва оташангезро бо муҳаббати самимӣ ва боварию эътиқод ба ҳамдигар пур кунанд.
Ҳамсӯҳбати дигари мо Дилбар Шарипова зани рӯзгордида буда, нисбати рашк чунин назар дорад:
-Ҷавонони имрӯз нисбати зан ва шавҳари худ рашки зиёде доранд, ки ин на аз дӯстдорӣ, балки нишонаи нобоварӣ ба ҳамдигар аст. Зан ва мард одоби ҳамида ва ахлоқи накӯ дошта, бошанду ба бегонагон бо чашми бад нигоҳ накунанд, он гоҳ ҳамдигарро рашк намекунанд. Ба фикри ман ин ҷо таъсири филмҳи хориҷӣ низ ҳаст. Зиёд шудани филмҳои гуногун, ки маҳз ба рашки заношӯӣ бахшида шудаанд, ҷавононро аз як тараф тарбия намоянд, аз тарафи дигар ба раҳгумӣ мебаранд. Аз ҳамин хотир ман ҳамчун як зани рӯзгордида ба ҷавонон гуфтаниям, ки зиндагӣ кино нест, рашки худро "контрол" кунед, то ки хонавайрон нашавед.
Аъзамҷон Шарипов, ҳамсӯҳбати дигари рӯзгордидаи мо мегӯяд:
-Рашки зиёд пояҳои муҳаббат, эътимод ва самимиятро дар оила канда, бар ивази он шубҳа, нобоварӣ ва хушунаро ба вуҷуд меорад. Ман даҳҳо илаҳеро медонам, ки маҳз дар натиҷаи рашки зиёд вайрон шуданд. Вақте сабабашро пурсн мешавӣ, мегӯянд, ки занам ё шавҳарам бисёр бадрашк буд ва ҳамеша маро озор медод. Оқибат аз зиндагӣ безор шуда аз баҳраш гузаштам. Ана ҳамин тавр аз рашки бемаънӣ як оилаи хушбахт вайрон мешавад. Барои ҳамин ҳам мардҳо ва ҳам занон бояд идора кардани рашки худро омӯзанд ва ба шубҳаву гумони ноҷо дода шуда, ба решаи дарахти бахташон бо дасти худ табар назананд.
Воқеан имрӯзҳо байни ҷавонон ва навхонадорон рашк хеле зиёд шудааст. Бархе аз занну мардн ҳамсарашнро ҳатто ба хешу табор ва ҳамсабақу ҳамкоронашон рашк мебаранд, ки ин камоли бехирадист. Як иллати дигаре, ки имрӯзҳо бештар ба назар мерасад, ин рашки хушдоман ба келин аст, ки бештар маҳз бо ҳаимн сабаб оилаҳои ҷавон пош мехӯранд.
Ба назари Шумо- хонандагони азиз рашк хуб аст ё бад?