Наврӯз яке аз идҳои писандидаи мардуми тоҷик буда, хурду калон онро бесаброна интизорӣ мекашанд. Имсол мову шумо имкон дорем, ки онро таби дил гузаронида, ҳар қадар метавонем дилхушӣ намоем, зеро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи дилафрӯз якбора 8 рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.
"Бино бар маълумоти Иттифоқи Касабаи Тоҷикистон рӯзи кории душанбеи 20- март ба рӯзи шанбе 18- март гузаронида шуда, баъдан аз 19 то 27- март рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудааст".
Муддати 8 рӯз тамоми сокинони Тоҷикистон метавонанд бо табъи хушу рӯҳи болида ҷашни наврӯзро таҷлил намуда, дилхушӣ намоянд, ба ёдати хешу табор ва пайвандону дӯстони худ рафта, бофароғат дам гиранд ва истироҳат кунанд. Ҳафтаи нави корӣ аз 27-март оғоз меёбад.
Азбаски имсол бо сабаби сард омадани ҳаво ва боришоти зиёди барф таътили зимистонаи мактаббачаҳо дароз карда шуда буд, таътили баҳорӣ кӯтоҳтар шуда, машғулиятҳо дар тамоми мактабҳо аз 27- март сар мешаванд. Қаблан хонандагон то 1-апрел дам мегирифтанд.