Прокуратураи Генералии Тоҷикистон аз ҳабси як сокини ноҳияи Файзобод барои содир намудани ҷинояти сангини куштор хабар додааст. Суҳайлӣ Алиев дар қатли як зани раққоса гунаҳкор дониста мешавад...
Суди ноҳияи Файзобод ҳанӯз санаи 9-уми декабри соли 2022 бо ҳукми худ Алиевро барои куштори маъшуқааш ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд. Алиев бар асоси қисми 3-ии моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикстон дар қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, кибоиси марги инсон шудааст, гунаҳкор шинохта шудааст.
Ба иттилоъи маркази матбуоти Прокуратураи Генералии Тоҷикистон Суҳайлӣ Алиев, истиқоматкунандаи деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод шоми 20-уми сентябри соли 2022 маъшуқааш Меҳрангез Рауповаро аз сари рашк дар пеши чашми фарзанди хурдсолаш зада куштааст.
Марҳум Меҳрангез Раупова дар маркази дилхушии “Самирҷон” ҳамчун раққоса кор мекардааст ва гӯё бо як ҷавони дигар рақсида, ҳамзамон ӯро оғӯш кардааст. Ин амали зани дӯстдоштааш оташи қаҳру ғазаби Суҳайлиро аланга дода, Меҳрангезро дар пеши чашми кӯдаки хурдсолаш зада куштааст.